Дар шаҳри Маскав Маркази фарҳангиву намояндагии Тоҷикистон боз мешавад. Он дар маркази шаҳр бо суроғаи: кӯчаи 2-юми Тверская-Ямская, х. 40 воқеъ аст. Айни замон дар ин ҷо “Маҷмааи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон” ҷойгир шудааст.
Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, минбаъд бепул ба ихтиёри Тоҷикистон додани иншооти мазкур ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин зимни гуфтугӯ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи видео изҳор намуд, ки ҳукумати Маскав барои таъсиси маркази фарҳанг дар маркази шаҳр бино ҷудо намуда, ҳамаи хароҷоташро ба уҳдаи худ мегирад.
“Ҳукумати Маскав дар бораи ба таври бебозгашт ба моликияти Федератсияи Русия супурдани бинои масоҳаташ 5,039 метри мураббаъ қарор қабул кард, ки ҳозир дар он маҷмааи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Минбаъд дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ ба таври бебозгашт ба ихтиёри Тоҷикистон додани иншооти ғайриманқули мазкур ҷиҳати дар он ҷойгир намудани маркази фарҳангиву намояндагӣ ба нақша гирифта шудааст”, - хабар додааст сухангӯи шаҳрдори пойтахти Русия, роҳбари хадамоти матбуот ва ҳукумати шаҳри Маскав Гулнора Пенкова.




Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста