Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ба Эмомалии Нуралӣ, чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Манбаъ гуфт, Рустами Эмомалӣ имрӯз, 5-уми сентябр, Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфта, ӯро барои ба даст овардани медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, табрик гуфт ва "чун нишони қадрдонии Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе, ба чемпиони ҷаҳон калиди хонаи 2 ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим намуд".

“Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз дошт, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд”, - иттилоъ доданд аз шаҳрдории Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, ки дар шаҳри Гуайкили Экводор баргузор гардид, Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни зери 66 кг соҳиби медали тилло шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста