Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дастур додааст, ки бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия аз коронавирус созишнома ба имзо расонида шавад. Ин дастур дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст.
“Пешниҳоди Вазорати тандурустии Русия дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия ба зидди бемории сироятии коронавирус (COVID-19) тариқи табодули нотаҳо (ёддоштҳо) байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон, ки бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти иҷроияи федералӣ мувофиқа карда шуда, пешакӣ бо ҷониби Тоҷикистон низ ҳамоҳанг карда шудааст, пазируфта шавад”, - зикр мешавад дар амри ҳукумат.
Дар ин робита нахуствазир лоиҳаи ёддошти марбутаи ҷониби Русияро маъқул дониста, ба ВКХ дастур додааст, ки аз номи ҳукумат бо Тоҷикистон табодули ҳуҷҷатҳо анҷом дода шавад.
Мишустин ҳамчунин иҷоза додааст, ки дар сурати зарурат ба лоиҳа тағйироте, ки “хусусияти усулӣ надоранд”, ворид карда шавад.
Мувофиқи лоиҳаи нота, Русия ва Тоҷикистон ба “истифода набурдани маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии сирояти коронавирус нисбат ба дорандагони гувоҳномаҳои ваксингирӣ, ки дар қаламрави ҳар ду кишвар дода шудаанд, инчунин нисбати кӯдакону наврасони синни аз 18-сола поён, ки гувоҳнома надоранд”, уҳдадор мешаванд.
Дар лоиҳа муқаррар шудааст, ки ба ҷуз маълумоти шахсӣ, дар гувоҳномаҳо бояд QR-код бо маълумот дар бораи ваксинаҳои гирифтаи ӯ зикр шуда бошанд.
Ҳамчунин дар санад зикр мегардад, ки ҳар кадоме аз тарафҳо метавонад дар ҳама гуна вақт бо расман огоҳ кардани нияти худ амали созишномаи мазкурро пурра ё қисман қатъ намоянд.
Моҳи феврал байни Русия ва Қазоқистон чунин созишнома ба имзо расид.
Охири моҳи август Мишустин ҳамчунин дастур дод, ки дар дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия ба зидди COVID-19 бо Беларус созишнома ба имзо расонида шавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста