Баъди тақрибан якуним соли бастани марз аз ҷониби Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 700 донишҷӯйи тоҷик барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, аз ҳама бештар донишҷӯёни курсҳои болоӣ хостори идомаи таҳсили худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шудаанд.

“То имрӯз ба вазорат зиёда аз 700 муроҷиати хаттии донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Қирғизистон таҳсил менамоянд, ворид шудааст, ки онҳо ба курс ва ихтисоси мувофиқ интиқол дода шуданд”,- гуфтанд аз вазорат.

Ин ниҳод ҳамчунин афзуд, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки бархе донишҷӯёни ба донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат гирифта, бо мақсади идомаи таҳсил тариқи давлати сеюм боз ба Қирғизистон сафар кардаанд.

Аз вазорати маориф гуфтанд, ҳамарӯза аз 5 то 10 муроҷиати донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил менамоянд, ҷиҳати бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳои аслӣ ба вазорат ворид мегардад.

“Вобаста ба масъалаи бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳои аслии шаҳрвандон, вазорат аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гурӯҳи корӣ дархост намуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ ва пайгирии ҳамаҷониба қарор диҳад”, - иброз намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Ёдовар мешавем, ки 21 майи соли 2021  пас аз даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрели ҳамон сол Қирғизистон марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст. Дар натиҷа, садҳо донишҷӯйи тоҷик натавонистанд барои идомаи таҳсил ба ин кишвар баргарданд.

Ҳарчанд рӯзи 22 октябр муовини раиси Девони вазирон Эдил Байсалов дар “Твиттер” навишта буд, ки  кишвараш сарҳадро барои донишҷӯён аз Тоҷикистон боз кард, аммо донишҷёни тоҷик то кунун наметавонанд ба ин кишвар баргарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.