Дар тақвими мусалмонон рӯзи ҷумъа, барои яҳудиён рӯзи шанбе эҳтироми баланд дорад. Барои банда ҳар рӯз, ки вақтам хуш бошаду ҷайбам андаке пулдор, рӯзи муборак аст, махсусан агар бо набера дар боғу роғи шаҳр машғули ҳамдигар бошем...

Дирӯз субҳи солеҳон, наздики соати шаш дар Боғи ҷавонон (аслан Кӯли ҷавонон мегӯянд) сайр доштем. Ҳаво софу насими саҳарӣ дар гардиш, як тараф шир-шири оби равон гӯшҳоро роҳат ва аз сӯйи дигар бӯйи гулу раёҳину ниҳолу гиёҳ ба димоғ расида, рӯҳи одамро сафо мебахшид...

Дасти набераро раҳо кардам ва ӯ медавид ба ин тарафу он  тараф. Гоҳ болои сангпӯшти сангӣ кӯшиши баромадан мекард ва гоҳе муҷассамаи товусро алаф додан мехост. Хулоса, манзараи зебо... Дар як боғи калон мову набера ва ду-се боғбону фаррош. Як мардеро дидам, ки дар саҳни боғ медавид, яъне варзиш мекард...

Ду хонуме гандумгун (ба сияҳпӯст гуфтан забон намеравад) бо либоси сабуки варзишӣ рӯ ба рӯямон пайдо шуданд ва бо чеҳраи хандон баъди салом хостанд набераи бандаро навозиш кунанд. Бо лафзи худашон, инглисӣ буд ба гумонам, чизҳое мегуфтанд, ки мани бесавод намефаҳмидам... Фикр кардам, ки африқоиянд, чун пӯсти рӯяшон аз он макон буданашонро гувоҳӣ медод.

Баъди бо ду-се калима гуфтугӯ кардан маълум шуд, ки ҳиндустонӣ будаанд. Яке аз он хонумҳо хост, ки набераи маро рӯйи даст гирад, аммо набера худро ба оғӯши ман андохт ва гиря сар дод. Гумонам, аз чеҳраи онҳо ҳарос кард... Набера бо ангушти муборакаш ишора мекард, ки аз назди онҳо дуртар биравем... Онҳо ҳам бо гуфтани чанд калимоти кӯдаконаи ширин паси кори худ шуданд...

Аз ин манзара ҳикмате бардоштам: тифли банда, ки то кунун аз наздик сияҳпӯстеро надида, тарсид ва муошират кардан нахост. Ба худ гуфтам, ки бузургтар, ки шуд, бояд бифаҳмонамаш, ки дунё ҳамин гуна пур аз сиёҳу сафед ва зарду сурх аст, аммо чизе, ки ҳамаро яксон муттаҳид мекунад, одамият аст. Басо сафедпӯсте, ки қалби сияҳ дорад ва басо сияҳрӯйе, ки дилаш чун оина рӯшан аст, чӣ бисёр галстукпӯше, ки даррандахӯй аст ва чӣ бисёр одамоне бо либоси одӣ, ки хулқу атвори фаришта  доранд...

Саъйи зиёде лозим, то ки инсон ботиннигар шавад ва неку бади одамро на аз чеҳра, балки аз рӯҳу ҷонаш, аз фитраташ, кору рафтораш, як будани нияту амалаш дарёбад... Илм ба ошкор намудани хурдтарин ҷузъи ҳастӣ – атому майда-чуйдаҳои даруни он қудрат ёфт, аммо имкони кашфи асрори одамиро надошт ва надорад. Беҳуда нест, ки бузургтарин мутафаккири Фаронсаи даврони Ренесонс Мишел де Монтен мегуфт, ки мушкилтарин илми дунё илм дар бораи таҳқиқи рафтори инсон аст. Беҳтарин саъю талоши ӯ барои фаҳмидани одами хокӣ рисолаи “Оид ба ҳунари бошарафона зистан” аст, ки хулосааш тақрибан чунин аст:

Одатан амалҳои инсон он қадар мухолифи ҳамдигаранд, он қадар зиддунақизанд, ки ҳеҷ бовари кас намеояд гӯиё аз як сарчашма зуҳур карда бошанд...  

Ҳамин аст, ки ба андешаи мо, аз кӯдакӣ то ба донишҷӯйӣ илму амалияи инсоншиносиро, аз боғча то ба донишгоҳ ҷорӣ кардан воҷиб аст ва аз баҳри даҳҳо илмҳои беманфиати нолозим баромадан даркор. Ҳазору анд сол аст, ки фарҳанги оламгири мо назари таҳқиқ андӯхтан ба дунёи одам, воло шумурдани ботин ва амали одамро дар қиёс бо чеҳраву либосу мансабаш талқин мекунад, аммо натиҷае нест, ки нест...

Пас, айб шояд дар низоми таълим бошад, нуқс дар мавҷуд набудани илмҳое бошад, ки ҷомеа барои баромадан аз ҳар навъ буҳрони маънавӣ ба онҳо ниёз дорад. Ахири соли таҳсили гузашта чанд илмеро пешниҳод карда будем, ки ба андешаи мо, муносиби ҳоли тарбият ва омӯзиш барои имрӯзи ҷомеа буданд, аз қабили инсоншиносӣ, равоншиносии шахсият, илми ахлоқ ва арзишҳои он аз оғоз то ба имрӯз, илми шинохт ё маърифати арзишҳо (фарқ карда тавонистани арзишҳои худӣ аз арзишҳое, ки аз тамаддунҳои дигар ворид шудаанд), илми ошноӣ бо сухан ва тарзи дурусти баёни андеша, давлати миллӣ, адаби ҷаҳон, фарҳанги миллӣ, шинохти давлат ва ҷомеа ва чанде дигар...

Ҳоло дақиқан наметавонам гуфтан, ки ин маҷмуи илмҳо ба назари стратегҳои маориф лозим намуданд ва ё баръакс, аммо дар ҷадвалҳои дарсии имсола навгониҳои чашмрасро надидем...

Гумонам, аз Арасту зиндатар касе нест, зеро дунимзаҳор сол аст, ки аз осори ӯ аҳли илм иқтибос меоранд. Ба қавли ин олими дунёи куҳан, инсон аз рӯйи табиати хеш махлуқи иҷтимоист, яъне барои зиндагии иҷтимоӣ офарида шудааст. Ҳамин тавр, ки бошад, ягона макони зисти инсон бояд ҷомеа ва давлат бошад (ба ҷуз чанд сӯфие, ки андаруни кӯҳҳо ё маконҳои дигари беодам узлатнишинӣ мекунанд)... Неку бади инсон низ дар ҳамин қаламрав, ки давлат мегӯем, шакл мегирад. Пас, муҳимтарин тақозо аз илми муосир ҳамин аст, ки дуруст пажӯҳиш бикунад: чӣ бояд кард, ки инсон дар давлат зиндагӣ ва ахлоқи наку дошта бошад ва давлат чӣ кор кунад, ки шумораи инсонҳои хубу шоиста мудом дар афзоиш бошад...

Сарҳалқаи ҳама муаммоҳои ҳастӣ дар посух ёфтан ба ҳамин суоли охир аст.

Ман чунин фикр мекунам.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.