Аз оғози сол ҳудуди 420 ҳазор нафар аз Русия ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки қариб ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад РБК бо истинод ба Идораи омор (Росстат)-и Русия.
Дар ин давра аз Русия ба Украина 79,6 ҳазор, ба Тоҷикистон - 58,4 ҳазор, ба Арманистон - 49 ҳазор, ба Қирғизистон - 43,6 ҳазор, ба Қазоқистон - 40,7 ҳазор ва ба Ӯзбекистон - 38,6 ҳазор нафар рафтаанд.
“Теъдоди аз Русия хориҷшудагон 218,5 ҳазор нафар ё худ 2,1 баробар афзудааст: ҳам аз ҳисоби муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ - 189,0 ҳазор нафар ё худ 2,1 баробар ва ҳам аз ҳисоби хориҷшудагон аз кишварҳои хориҷи дур - 27,6 ҳазор нафар ё худ 2,2 баробар”, - зикр мешавад дар хабар.
Бино ба ҳисобу китоби Росстат, аз оғози сол шумори аҳолӣ дар Русия 480,6 ҳазор ё худ 0,33% кам шудааст.
Барои муқоиса, дар ҳамин давраи соли 2021 шумори аҳолии Русия 307,7 ҳазор нафар ё худ 0,21% кам шуда буд.
Ба ин тариқ, камшавии табиии аҳолии Русия 383,8 ҳазор нафар (соли гузашта - 421,9 ҳазор)-ро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 112 ҳазор нафар аз Русия ба Тоҷикистон омадаанд. Ин нишондиҳандаи дуюм пас аз Ӯзбекистон - 319 ҳазор мебошад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста