Мошини сабукрави тамғаи «Mercedes-Benz», ки ба як сокини деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан таалуқ дорад, рӯзи 9-уми сентябр, дар километри 66-и роҳи Душанбе – Чаноқ, ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе бо мошини боркаши сокини шаҳри Ҳисор бархӯрдааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.
"Дар натиҷаи ин садама ду мусофири мошини «Mercedes-Benz», ки яке 64-сола ва дуюмӣ 79-сола буда, ҳарду сокинони шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мебошанд, ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар хабар.
Сабаби садама маълум нест, аммо ба эҳтимоли зиёд ҳангоми рӯбарӯ омадан ронанда аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст, менависад сомонаи КҲФ.
Мусофири дигар, ки зода ва сокинони Истаравшан мебошанд, бо ҷараҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол дода шуданд.
Сабаби ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста