Суратгузориши мазкур аз маҳаллаи Боғистони шаҳри Исфара, ки дар ҷараёни муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби низомиёни қирғиз тирборон шуд, таҳия гардидааст.
Дар ин маҳалла тоҷикону қирғизҳо паҳлӯи ҳам зиндагии осоишта доштанд, аммо субҳи 14-уми сентябр оромиши онҳо ба ҳам зад.
Дар ин рӯз низомиёни қирғиз ногаҳон ба маҳаллаи Боғистон ҳамла намуданд. Онҳо аз силоҳҳои вазнин ба хонаи мардуми осоиштаи тоҷик тиру гулула шиллик карданд. Дар натиҷа, даҳҳо хонаи тоҷикон сӯхта хокистар шуд. Ҳамчунин, ду сокини маҳаллӣ куштаву чор тани дигар, бо шумули ду сарбоз, захмӣ шуданд.
Хабарнигори “Asia-Plus” ба Боғистон рафт, то оид ба вазъи ин маҳалла гузориш омода намояд. Ба хабарнигори мо муяссар нашуд, ки оилаи кушташудагон ва захмиёнро пайдо намоям, чун маҳалларо ҳама тарк карда буданд, аммо аксҳои бардошта гувоҳӣ аз вайронкориҳои сарбозони қирғиз медод.
Дар поён аксҳои хонаи сӯхтаву валангори Сайфуллои Абдунабӣ инъикос ёфтааст. Ҳамаи даҳ дар ҳуҷраи хонааш пурра сӯхтааст ва дар он наметавон зист.
Сайфуллои Абдунабӣ мегӯяд, ки дар ин ҳавлӣ 4 оила зиндагӣ доштанд ва ҳоло онҳо бесарпаноҳанд. Ҳамакнун, нақшаи оиладор кардани фарзанди панҷумаш низ барбод рафтааст.
Дар паҳлӯи хонаи ӯ хонаи қирғиз аст, аммо он зарар надидааст. Ин аз вайронкориҳои тарҳрезишудаву барқасдона гувоҳӣ медиҳад.
Сайфуллои Абдунабӣ бо душворӣ эҳсоси худро нигоҳ медорад ва кӯшиш мекунад, ки дар чунин ҳолат ҳам ҳарфи баде нисбати ҳамсояи қирғизаш нагӯяд.
Шояд минбаъд онҳо дигар мисли пешин қарин нагарданд ва ба ҳам бо шубҳа нигаранд, вале бо ин ҳам Сайфуллои Абдунабӣ ба ин кор ҳамсояи қирғизашро дахил намедонад.
Ӯ танҳо мегӯяд, ки фарзандонаш зиндаву саломат бошанд, ҳамаашро аз сари нав месозанд.
Ҳамчунин, Сайфуллои Абдунабӣ умед дорад, ки мардуми тоҷик ин ҳама душвориро паси сар мекунад ва ба хушбахтии ҷовидон мерасад. Ӯ бовар дорад, ки дар чунин рӯзи душвор ҳукумат ва роҳбари давлат онҳоро танҳо нахоҳанд гузошт.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста