Имрӯз, 16-уми ноябр, дар Қасри Арбоб, ки макони аслии баргузории чорабиниҳо ба ифтихори 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба шумор меравад, ҷаласаи тантанавӣ ва консерт баргузор мешавад. Дар он раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, низ ширкат хоҳад кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Барои ширкат дар ин ҷашн дар шимоли кишвар вакилони парлумон, намояндагони аҳли зиё, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо иштироккунандагони сессия, олимону адибон, сиёсатшиносон, инчунин, ситораҳои саҳнаи тоҷик ҳузур доранд.
Дар миёни меҳмонон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пешини Душанбе, Шукурҷон Зуҳуров, раиси пешини парлумони Тоҷикистон, Оқил Оқилов, сарвазири пешни Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи Тоҷикистон марҳалаи гардишест, ки барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ таъсири назаррас расонд. Ин иҷлосия дар Қасри Арбоб 30 сол пеш дар ҳамин рӯз оғоз ёфта буд.
Дар иҷлосия, ки ду бригадаи таъиноти вижаи Русия ва Узбакистонро посбонӣ мекарданд, аз 230 вакил 197 вакил ширкат доштанд. Дар он ҳукумати президентӣ ба ҳукумати парлумонӣ иваз шуд ва Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шурои Олӣ ва мутаносибан сарвари давлат интихоб шуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар робита ба ин сафар ва ҷашнвора кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаи Урунхӯҷаеви ҷамоати Унҷи ноҳияи Б.Ғафуров, кӯчаҳои марказии Бӯстон баста мешаванд. БДА аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд хоҳиш мекунад, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи роҳҳо ва кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста