Аввал гаравгон афтодан ва баъд, кушта шудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев номи раиси ин муассисаи молиявии мамлакатро боз як бор вирди забонҳо намуд. Баъзан назарҳое ҳам садо медиҳанд, ки пайомади ин ҳодисот метавонад маҳз ба шахси Ҳасан Асадуллозода равона шуда бошад.

Воқеан, номи ин шахсият дар бистсолаи ахир дар меҳвари гуфтугӯҳо кам иттифоқ наафтодааст. Дар бораи ӯ ва фаъолиятҳояш баҳо яксон нест. Бахшида ба 55 солагии зодрӯзаш мо ба зиндагиномаву фаъолиятҳои Ҳасан Асадуллозода мурур намудем

60 корхона – филиали ҳукумат?

Ҳасан Асадуллозода (то соли 2008 Саъдуллоев) 10-уми июли соли 1968 дар ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) ба дунё омадааст.

Онҳо дугоник будаанд. Ҳусейн, ки дар ҷомеа шинохти зиёд надошт, раиси ширкати “Нафтрасон” дар ноҳияи Леваканд (Сарбанди собиқ) ба ҳисоб мерафт ва ширкаташ бештар ба фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар Хатлон машғул буд. Моҳи декабри соли гузашта бар асари бемории дил аз дунё даргузашт.

Аммо номи Ҳасан Асадуллозода сар аз ибтидои солҳои 2000-ум, хоса пас аз таъин шуданаш дар Биржаи молу ашёи хоми Тоҷикистон (соли 2001) машҳур гашт. Гуфта мешавад ӯ аз рӯи ихтисос иқтисодчӣ буда, қаблан дар Қӯрғонтеппаи собиқ тиҷорат доштааст. Ҳатто то замоне, ки домодашон Эмомалӣ Раҳмон ба сарварии Тоҷикистон омад.

Дертар ҳамчун раҳбари "Ориёнбонк"  муаррифӣ шуд. Ҳарчанд дар бораи шеваи ба ин мақом таъин шуданаш сару садо кам набуд, аммо бо ин ки бонкро дар солҳои душвор ба як муассисаи муваффақи молиявӣ ва тиҷоратӣ табдил дод, Асадуллозода ба сифати як менеҷери кордон бештар муаррифӣ гашт. Феълан, агар корхонаҳои ба номи ӯ пайвандро (ҳудуди 60 -тоашро ҳисоб кардаанд) ҷиддӣ таҳлил намоем, ба назар мерасад, ки гӯё тақрибан ҳамаи шохаҳои ҳукумат дар зеркорхонаҳояш вуҷуд дорад. Ҳам дар масоили иқтисодӣ, ҳам ҳуқуқӣ, ҳам фарҳангӣ, ҳам варзишӣ, ҳам суғурта, ҳам расонаҳои хабарӣ. Аз ин лиҳоз, мегуфтанд, ки Асадуллозода як шахси таъсиррасони сиёсӣ ҳам ҳаст.

Онҳое, ки бо ӯ кор мекунанд, аз ҳисоби ҷавонони донишманду дар кори худ усто аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд. Гуфта мешавад барои ӯ меъёри маҳал вуҷуд надорад. Муҳим лаёқату саводу фаросат аст. Ҳатто чанд нафарро пас аз хатми мактаби миёна, аз ҷумла аз Литсейи Ҳотам ва ПВ ба кор гирифту баъдан барояшон шароити лозимро фароҳам овард: ба донишгоҳи хориҷӣ дохилашон кард, ҷои кори муносибашон сохт. Ба таври дигар “лифти иҷтимоӣ” -и замони шӯравиро дар шакли нав роҳандозӣ кард.


Радиои “Имрӯз”, ки яке аз коргоҳҳои зертобеи “Ориёно – медиа” аст, дар солҳои 2008 – 2009 падидае буд. Он бо шеваи касбӣ масоилеро баррасӣ мекард, ки ҳатто нашрияҳои мустақил ибо мекарданд. Ду маротиба дар як сол, аз августи соли 2008 то августи соли 2009, ин радио “хомӯш” карда шуд ва сӯҳбатҳо дар бораи “ихтилофоти нав” дар доираҳои хос аз нав рӯ зад. Ҳарчанд баъдан маълум шуд, баҳси аслӣ аз куҷо сарчашма мегирифт...

Пайдоиши аввалин рӯзномаи ҳаррӯзаи замони истиқлол – “Имрӯз news” ҳам ба исми Асадуллозода рабт мегирифт, ки ӯро ба сифати як шахси демократу таҳаммулпазир муаррифӣ менамуд.

Ташкили барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи дохилу хориҷ “дар лаҳзаҳои ҳассос” (масалан, бо иштироки Юлдуз Усмонова дар замоне, ки равобити Тошканду Душанбе сахт “гарм” буд, ё даъвати ҳунармандони яҳудитабори ғарбӣ замоне, ки ҳукумат мехост муносибаташро бо Ғарб танготанг кунад) гувоҳи он аст, ки Асадуллозода мушовирони қавӣ дорад.

Аз ҷониби дигар, аз Ҳасан Асадуллозода ба сифати менеҷери муваффақи ҳалли муноқишаҳо низ ном мебаранд. Гуфта мешавад, дар лаҳзаҳои ҳассосу мушкил, масалан дар ҳаводиси Рашту Хоруғ (солҳои 2008-2012) маҳз миёнаравии Асадуллозода сабаби оромиш шудааст.

Муаррифии Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои телевизионии байналмилалӣ ва ташкили имиҷи мусбат аз он, сохтани байрақи калонтарин дар дунё (то замони пайдоиши байрақи яке аз кишварҳои арабӣ) маҳз бо ибтикори Ҳасан Асадуллозода ё корхонаҳои зери назари ӯ сурат гирифтаанд. Соли 2013 пешопеши интихоботи президентӣ китоберо дар бораи Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо бо забонҳои англисиву фаронсавӣ нашр карда, муаррифӣ намуд.

Асадуллозода ва баҳсҳои ӯ

Як паҳлӯи манфии шахсияташ ба тиҷорат ва баҳсҳо бо ҳамкорони собиқ иртибот мегирад. Аз ҷумла, бо ширкати “Бахт” -и Нуриддин Маҳкамов (ҳоло дар зиндон аст, аммо ба баҳси Асадуллозода рабт надорад), ки пас аз як мувофиқа ӯро ба Ҳаҷ равон кард. Дертар Маҳкамов эълон намуд, ки аз баҳри маблағҳои худ гузашта, онҳоро барои сохтмони бозори “Корвон” мебахшад. Албатта дар ин намуди “гузашт” метавон воқеиятҳои дигарро дарёфт, вале…

Бори охир ду сол пеш Радиои “Озодӣ” номи Асадуллозодаро дар қазияи бозори “Панҷшанбе” - и Хуҷанд расонаӣ кард. Ба таҳқиқи онҳо бозор тобеи “Сомон Суғд” аст ва суратҳисоби он пас аз дубора хусусӣ шудан ба “Ориёнбанк” кӯчидааст. Бар замми ин, роҳбари бозор Ибодулло Нуриддинов - нафаре таъин шудааст, ки солҳои дароз дар ширкатҳои гуногуни марбут ба Ҳасан Асадуллозода ва наздикони ӯ кор кардааст.

Вале рӯйхати баҳсҳои Асадуллозода бо ин тамом намешаванд. Баҳсҳои дигари ҷиддитар ӯ бо шарикони собиқаш дар Талко дошт, ки ахиран ба суди байналмилалӣ ҳам кашида шуду ниҳоят бо мусолиҳа анҷом ёфт.

Охирҳои моҳи майи соли 2008 иттифоқе пеш омад, ки исбот намуд: Ҳасан Асадуллозода дар муҳити иҷтимоии Тоҷикистон шахси андак нест! Ҳамон вақт якбора хабаре паҳн шуд, ки гӯё бар асари як “разборка” додарарӯси президент ё захмӣ шудааст, ё кушта. Рафти “ҳодиса” ва “қаҳрамонҳо”-и он гуногун шарҳ дода мешуд. Ҳама Ҳасан мекофтанд. Аммо ном ва симои ӯ дар ҳеҷ куҷо пайдо намешуд. Мардум бо ҳайрат ва ҷиддӣ аз ҳам мепурсиданд: агар ягон гап намешуд, магар ТВ - ҳои давлатӣ як бор симои ӯро нишон намедоданд?

Ахиран Ҳасан Асадуллозода дар Хоруғ аз худ дарак дод. Ин ҳолат пас аз ҳаводисе буд, ки он замон бори аввал дар маркази Бадахшон сурат гирифт. Яъне аввалин митинги сокинони Бадахшон дар соли 2008.

Он замон вобаста ба 15 - солагии Рӯзи Ваҳдат раиси “Ориёнбонк” гурӯҳе аз журналистонро бо худ ба маркази Бадахшон бурд ва бо онҳо чандин бор мулоқот кард. Аммо онҳо ҳамоно бовар намекарданд, ки дар асл Асадуллозода бо онҳо сӯҳбат дорад. Яке аз журналистони иштирокчии он маҳфил  баъдан навишт, ки ҳатто аз ӯ пурсидааст: Рост бигӯ, Ҳасанӣ ё Ҳусейн?

Дертар шабакаҳои телевизионӣ низ аз ҷаласаҳои гуногун симои Асадуллозодаро нишон доданд ва гӯё мардум бо ҳамин ором шуд: Ӯ зинда аст!

Таҳлилгарон баъдан ҳодисаи рухдодаро гуногун тафсир карданд. Ба назари баъзеи онҳо ин як маъракаи сиёсии хоси Асадуллозода буд, ки ба ин васила худро дар ҷомеа бештар муаррифӣ кард. Зимнан, дар маъракаҳои сиёсие чун интихобот истифода аз чунин технологияҳое ба мисли “ғайбзании номзад” шеваи таъсиргузор дониста мешавад.

Дар муқобил бархе аз таҳлилгарон гуфтанд, ки “қазияи Ҳасан” дар худ ягон сиёсат надошту танҳо ба масъалаҳои нерӯгоҳи Роғун иртибот мегирифт: ба ин восита гӯё таваҷҷӯҳи ҷомеаи дохиливу хориҷиро ба ин қазия равона карданду аввалин агрегату БелАЗҳоро маҳз он замон ба макони сохтмон ворид карданд.

Ҳарчӣ буд ё не ин қазия нишон дод, ки Ҳасан Асадуллозода дар муҳити сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон шахси андак нест.

Ҳоло ҳам, ҳарчанд мегӯянд мисли пешин “вазни хос” надорад, аммо ҷойгоҳи мушаххасро ҳифз мекунад. Ғайр аз корхонаҳои бешумораш ҳамчунин, масъулиятҳои иҷтимоӣ дорад. Аз ҷумла, то соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буд. Ҳоло вакил дар Маҷлиси вилояти Хатлон аст. Аммо ҳеҷ гоҳ аз ҷониби ӯ ё нафарони ба ӯ наздик изҳороти сиёсӣ садо надодааст. Зимнан, аз ҳисоби тими кормандони ӯ ба мансабҳои давлатӣ зиёд таъин шудаанд. Аз ин нуктаи назар гуфта мешавад, ки дар таъиноти кадрӣ метавонад аз чеҳраҳои калидӣ бошад.

Ҳарчанд ҳеҷ гуна ихтилофе байни ӯву ҳукумати марказӣ эҳсос намешавад, бо ин ки духтари Президенти Тоҷикистон, яъне ҷиянаш ба ҳайси муовин дар бонк таъин гардид, ҳадсу гумонҳо фарзияҳои мухталифро ба вуҷуд овардаанд.

Хулоса, ҳарчӣ набошад, Ҳасан Асадуллозода як шахсияти муҳим дар Тоҷикистони имрӯза аст. Нафаре бо дидгоҳи хос ва хеле фарқкунанда дар элитаи ҳукмрон...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.