Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи иштирокчиёни истеҳсолоти иҷроро баррасӣ карданд.
Шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда, инҳо мебошанд:
1) тарафҳои истеҳсолоти иҷро;
2) дигар шахсоне, ки баҳри таъмини иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро мусоидат менамоянд (тарҷумон, мутахассис, шахсони холис, нигоҳдоранда ва дигарон).
Дар истеҳсолоти иҷро якчанд ситонанда ва қарздор иштирок карда метавонанд. Ҳар яке аз онҳо нисбат ба тарафи дигар дар истеҳсолоти иҷро мустақилона ё ба воситаи намоянда иштирок менамоянд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷати иҷро ба зиммаи қарздор уҳдадориҳое, ки танҳо бояд худаш (ӯҳдадориҳои шахсӣ) иҷро намояд, гузошта мешавад.
Иштирокчиёни истеҳсолоти иҷро чӣ ҳуқуқ доранд?
Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқ доранд, ки бо маводи истеҳсолоти иҷро шинос шаванд, аз он иқтибос гиранд, нусха бардоранд, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки дорои сирри махфӣ мебошанд, маводи иловагӣ пешниҳод намоянд, дархостҳо пеш оранд, дар рафти амалҳои иҷро иштирок кунанд, дар рафти истеҳсолоти иҷро баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд, барои ҳалли масъалаҳое, ки дар рафти иҷро ба амал меоянд, ваҷҳ ва далелҳои худро изҳор ва собит намоянд, ваҷҳу далелҳои шахсони дигари иштирокчии истеҳсолоти иҷроро рад намоянд, то ба охир расидани истеҳсолоти иҷро созиши оштии аз ҷониби суд тасдиқшударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон банданд, аз иҷро даст кашанд, аз болои қарор, амали (беамали) иҷрочии мақомоти иҷро оид ба масъалаҳои истеҳсолоти иҷро шикоят намоянд.
Ӯҳдадории тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро кадомҳоянд?
1) Ба иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи иҷрои ҳуҷҷати иҷро дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи иҷрои он пурра ё қисман маълумот диҳанд;
2) Иҷрочии мақомоти иҷроро дар бораи тағйири маҳалли истиқомати худ ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ба онҳо тааллуқдошта дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз пас аз тағйирёбӣ огоҳ намоянд;
3) Бо тартиби муқарраршуда тавзеҳот, ҳуҷҷатҳо ва маводи дархосткардаи иҷрочии мақомоти иҷроро пешниҳод намоянд;
4) Бо даъвати иҷрочии мақомоти иҷро ҳозир шаванд;
5) Аз ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бовиҷдонона истифода баранд, инчунин талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
Шаҳрванд метавонад мустақилона ё ба воситаи намоянда дар истеҳсолоти иҷро иштирок намояд. Иштироки бевоситаи шаҳрванд дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқи доштани намояндаро истисно наменамояд. Агар аз рӯйи ҳуҷҷати иҷро қарздор ӯҳдадор шуда бошад, ки амалҳои муайянро (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян) шахсан иҷро намояд, дар ин ҳолат қарздор ҳуқуқ надорад ба воситаи намоянда амал кунад.
Иштироки шахси ҳуқуқӣ дар истеҳсолоти иҷро тавассути мақомоти он ё шахсони мансабдор, ки дар доираи ваколатҳои барои онҳо пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ё тавассути дигар намояндагон амалӣ карда мешавад.
Ҳуқуқи намоянда (ба истиснои намояндагони қонунӣ) барои пешниҳод ва бозхонди ҳуҷҷати иҷро, иштирок дар истеҳсолоти иҷро, бастани созишномаи оштӣ, ба шахси дигар вогузоштани ваколат, шикоят овардан ба қарор, амал (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро, пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро, гирифтани молу мулк ё пули ба фоидаи ӯ гузаронидашуда бояд дар ваколатномае, ки ваколатдиҳанда додааст, зикр гардад.
Намояндагони тарафҳои истеҳсолоти иҷро инҳо шуда наметавонанд:
1) ноболиғоне, ки қобилияти пурраи амалкуниро надоранд;
2) шаҳрвандоне, ки бо тартиби муқарраргардида ғайри қобили амал ё қобилияташон маҳдуд эътироф шудаанд;
3) судя, прокурор, муфаттиш, кормандони мақомоти судӣ, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва судӣ иштирок намуданд, инчунин иҷрочии мақомоти иҷро, ки оид ба иҷро истеҳсолоти иҷро оғоз намудааст.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ноболиғонро кӣ метавонад амалӣ кунад?
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ноболиғи то синни чордаҳсола дар истеҳсолоти иҷро аз ҷониби падару модар ё намояндаи дигари қонунии ӯ амалӣ карда мешавад.
Ноболиғи аз синни чордаҳсола то шонздаҳсола, ки аз рӯи ҳуҷҷати иҷро ситонанда ё қарздор ҳисоб мешавад, дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро дар ҳузур ё бо розигии хаттии намояндаи қонунии худ ё намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ ба амал мебарорад ва ӯҳдадориҳоро иҷро менамояд.
Ноболиғи аз синни шонздаҳсола то ҳаждаҳсола, ки аз рӯи ҳуҷҷати иҷро ситонанда ё қарздор ҳисоб мешавад, дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро мустақилона ба амал мебарорад ва ӯҳдадориҳоро иҷро менамояд. Дар ин ҳолат, иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадор аст намояндаи қонунии ноболиғ ё намояндаи мақомоти васоят ва парасториро барои иштирок дар истеҳсолоти иҷро ҷалб намояд.
Ноболиғон дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷрои дар асоси санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот оид ба парвандаҳои аз муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, маъмурӣ ва аз аҳдҳои вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани музди меҳнат (даромад) бавуҷудомада, метавонанд дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро мустақилона амалӣ намоянд ва ӯҳдадориҳои худро иҷро кунанд.
Ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони қобилияти пурраи амал набударо кӣ ҳимоя мекунад?
Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандонро, ки дорои қобилияти пурраи амал нестанд, дар истеҳсолоти иҷро падару модари онҳо, ба фарзандхондагон, васиён, парасторон ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, намояндагӣ менамоянд.
Намояндагони қонунӣ аз номи вакилкунандагон тамоми амалҳои мурофиавиро ба ҷо меоранд, ки ҳуқуқи анҷом додани онҳо, бо дарназардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузор, ба вакилкунандагон марбут аст. Намояндагони қонунӣ метавонанд иштирок дар истеҳсолоти иҷроро ба шахси дигаре, ки онҳо ба сифати намоянда интихоб кардаанд, супоранд.
Ҳангоми амалӣ намудани амалҳои иҷро, ки ҷиҳати анҷоми онҳо донистани дигар забонҳо зарур аст, шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда метавонанд бо ташаббуси худ ё бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро тарҷумон даъват кунанд. Агар тарафҳо тарҷумонро таъмин карда натавонанд, иҷрочии мақомоти иҷро барои даъвати тарҷумон қарор қабул менамояд.
Ҳар шахси ба балоғатрасидаи қобилияти амалдошта, ки дар иҷрои кор манфиатдор намебошад ва забонеро медонад, ки донистани он барои ба амалӣ намудани амалҳои иҷро зарур аст, метавонад тарҷумон бошад.
Тарҷумон ҳуқуқи гирифтани подошпулӣ барои меҳнаташро дорад. Подошпулии ба ӯ пардохтшуда ба хароҷоти гузаронидани амалҳои иҷро тааллуқ дорад.
Барои фаҳмонидани масъалаҳои дар рафти амалҳои иҷро бавуҷудомада, ки дониши махсусро талаб мекунанд, иҷрочии мақомоти иҷро аз рӯи дархости иштироккунандагони истеҳсолоти иҷро ё бо ташаббуси худ мутахассисро ҷалб мекунад. Аз рӯи зарурат мумкин аст якчанд мутахассис ҷалб карда шаванд. Иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора қарор қабул менамояд.
Ба сифати мутахассис барои додани тавзеҳот ва расонидани кӯмаки техникӣ метавонад шахси дар баррасии кор манфиатдор набуда, ки дорои донишхои махсус мебошад, ҷалб карда шавад.
Мутахассис ӯҳдадор аст бо даъвати иҷрочии мақомоти иҷро ҳозир шавад, ба саволҳои ӯ ҷавоби пурра ва дақиқ диҳад.
Мутахассис ба гирифтани подошпулӣ барои иҷрои коре, ки бинобар амалӣ намудани амалҳои иҷро гузаронида мешавад, ҳуқуқ дорад. Ин подошпулӣ ва дигар хароҷот барои ҷалби мутахассис ба хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро тааллуқ дорад.
Шахсони холис кистанд ва дар кадом ҳолат иштироки онҳо ҳатмӣ аст?
Амалҳои иҷро дар ҳолатҳои пешбининамудаи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар ҳузури на камтар аз ду шахси холис анҷом дода шаванд.
Иштироки шахсони холис дар ҳолатҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
1) ҳангоми ба рӯйхат гирифтани молу мулки қарздор;
2) ҳангоми иҷрои ҳалномаҳо дар бораи маскун намудан ба манзил ё кӯчонидан аз манзил, гирифта додани кӯдак, амалҳои марбут ба ҳабс, кашида гирифтан ва супоридани молу мулки қарздор, кушодани манзил, бино ва анборҳо, азназаргузаронӣ, мусодираи молу мулк ва далелҳои шайъӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Ба сифати шахсони холис ҳар гуна шаҳрвандони ба балоғатрасида, дорои қобилияти амал, ки дар оқибатҳои амали иҷро манфиатдор нестанд, даъват карда мешаванд.
Пеш аз оғози амалҳои иҷро иҷрочии мақомоти иҷро ба шахсони холис тартиби иштироки онҳоро дар рафти амалҳои иҷро мефаҳмонад.
Шахси холис ҳуқуқ дорад донад, ки барои иҷрои кадом амалҳои иҷро даъват шудааст ва онҳо дар асоси кадом ҳуҷҷати иҷро анҷом дода мешаванд. Шахси холис ҳуқуқ дорад нисбати амалҳои гузаронидашуда эрод гирад. Эроди шахси холис бояд ба санади амали иҷрои дахлдор дохил карда шаванд.
Шахси холис далел, мазмун ва натиҷаи амалҳои иҷроро, ки ҳангоми баргузории онҳо иштирок кардааст, тасдиқ мекунад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ӯҳдадоранд дар доираи ваколатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида дар ҳолатҳои ба иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ ҷиҳати баамалбарории амали иҷро монеа эҷод кардан ё ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатар таҳдид шудан, дар асоси дархости иҷрочии мақомоти иҷро ба иҷрочӣ мусоидат намоянд.
Мақомоти корҳои дохилӣ ӯҳдадоранд маводи кофтуков эълон кардани қарздорро сари вақт ба қайд гирифта, вобаста ба кофтуков, дастгир ва ба мақомоти иҷро супоридани он чораҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо андешанд.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста