Воҳидҷон Авезов, офарандаи нақши яке аз ҷанговарон дар филми таърихии “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” шаби гузашта, 16-уми октябр, дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.
Хабари зимни садамаи нақлиётӣ ҷон бохтани Воҳидҷон Авезовро Диловар Сафаров, роҳбари “Dfilm” ва нафаре, ки ба таҳияи филми “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” машғул аст, ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.
Манбаъ зикр кард, ки садамаи нақлиётӣ шаби гузашта дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ рух дода, дар пайи он якҷо бо Воҳидҷон Авезов боз ду нафари дигар ҷон бохтаанд, аммо ҳувияти онҳо маълум нест.
Ҳамчунин, маълум нест, ки сабаби рух додани садамаи нақлиёт чист. Мақомот дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.
Тибқи иттилои дастрасгардида, Воҳидҷон Авезови 36-сола сокини ноҳияи Мастчоҳ ва дар хонадон писари ягона будааст. Номбурда ба соҳибкорӣ машғул будааст. Ҷасади ӯро дар зодгоҳаш ба хок супориданд. Аз ӯ се фарзанд боқӣ мондааст.

Ба иттилои Диловар Сафаров, Воҳидҷон Авезов ҳудуди якуним сол ин ҷониб якҷо бо 15 тан аз нафарони дигар, ки барои нақшофарӣ дар ин филм ҷалб шуда буданд, тамрин мекард. Онҳо ҳамагӣ қомати баланд доштанд ва дар филм нақши ҷанговаронро иҷро мекарданд.
Сабти филм ҳоло оғоз нашудааст ва номаълум аст, ки он кай пурра ба навор гирифта мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста