Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия гуфтааст, дар феҳристи “шахсони зери назорат”-и Русия номи 685 ҳазор шаҳрвандӣ хориҷӣ сабт шудааст ва онҳо то 30-юми апрел фурсат доранд, ки номи худро аз ин рӯйхат берун кунанд.
Ӯ ин нуктаро дар мусоҳибае бо хабарнигори шабакаи телевизионии Русия изҳор карда, ҳадафи инро кам кардани муҳоҷирони будубошашон ғайриқонунӣ унвон кардааст.
Ба гуфтаи Колоколтсев, барои шахсоне, ки дар ин рӯйхат шомиланд, як қатор маҳдудиятҳои қатъӣ ҷорӣ шудааст.
“Аз ҷумла, тарки манзили истиқоматӣ, анҷом додани амалиёти бонкӣ, бастани ақди никоҳ, супоридани имтиҳон барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва анҷоми як қатор амалиёти дигар барои онҳо манъ аст”, - гуфтааст Колоколтсев дар мусоҳибаи худ.
Ӯ таъкид кардааст, ки нафарони дар ин рӯйхат шомилбуда то 30-юми апрел бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Вазорати корҳои дохилии Русия ҳозир шуда, номи худро аз ин рӯйхат берун кунанд ва будубоши худро қонунӣ гардонанд.
Бояд гуфт, феҳристи “Шахсони таҳти назорат”-и Русия аз 5-уми феврал мавриди амал қарор гирифт. Ҳанӯз рӯзҳои аввали мавриди амал қарор гирифтани ин феҳрист даҳҳо муҳоҷирон шикоят карда буданд, ки номи онҳоро иштибоҳан ба ин рӯйхат ворид кардаанд ва гуфта мешуд, ки бештари ин афрод аз қарор доштани худ дар “рӯйхати сиёҳ” тавассути паёмҳои бонкҳо дар бораи масдуд шудани ҳисоби бонкияшон огоҳ шудаанд.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ин иддаоро тасдиқ карда, гуфта буд, “дар аксари маворид, ҳеч далели қонуние барои сабти номи онҳо дар ин феҳрист пайдо нашудааст” ва ба муҳоҷирон тавсия дода буд, пулҳои худро аз бонкҳо гиранд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2024 мақомоти Тоҷикистон гуфта буд, 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин рӯйхат ба қайд гирифта шудааст. Рӯйхати мазкур дар сомонаҳои Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷойгир шудааст. Онҳое, ки мехоҳанд будан ё набудани номи худро дар феҳристи тартибдодаи ВКД-и Русия фаҳманд, метавонанд аз сомонаҳои мазкур ё аз Telegram-боти “Азия-Плюс” apnamecheck_bot истифода кунанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 феврали соли 2026
Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста