ЧОРАБИНИҲОИ 25 МАЙ

- Дар шаҳри Тошканд Чемпионати "CAFA U-17–2025" идома дорад, ки он то 31-уми май давом мекунад. Дар мусобиқа 6 дастаи миллии наврасон аз Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

- Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.

Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 27 МАЙ

Соли  2001 – Қувват Султон, собиқ раиси Кумитаи андоз ва корманди пешини мақомоти қудратӣ ҳизби “Тараққиёт”-ро таъсис дод, ки билохира сабти ном нашуд.

Соли 2003 – Дар Тоҷикистон аввалин форуми намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, матбуот ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа Созишномаи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

Соли 2003 – Дар шаҳри Исфара нахустин Симпозиум-фестивали байналмилалии мусиқии классикии “Шашмақом” баргузор шуд.

Соли 2009 – Зариф Ализода ба вазифаи нахустин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2009 – Дар шаҳри Душанбе Коллеҷи олии САҲА оид ба идораи сарҳадҳо (OSCE Border Management Staff College) расман ифтитоҳ ёфт. Коллеҷ дар доираи Барномаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон амал мекунад ва дар бинои ин ниҳод дар Душанбе ҷойгир аст. Маълум нест, он то ҳол фаъол аст ё не.

Соли 2010 – Ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” нахустин парвози мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Киев-Душанбе анҷом дод.

Соли 2017 – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ду сохтори мустақил: Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақсим шуд. 

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз минтақаҳои сарҳадии кишвар бо Афғонистон боздид намуда, чандин гузаргоҳҳои сарҳадиро ифтитоҳ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1945 – Мавлуди Бурҳон Маҳмадқулов, овозхони маъруфи операи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Бурҳон Маҳмадқулов

Бурҳон Мамадқулов хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский буда, аз соли 1967 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ будааст.

Тӯли ин солҳо дар зиёда аз 40 опера нақш офаридааст, аз ҷумла Назир дар “Шӯриши Восеъ”, Ҳайдарбек дар “Қишлоқи тилоӣ”, Айнӣ дар “Айнӣ”, Мадан дар “Комде ва Мадан”, шоҳ Ковус дар “Рустам ва Суҳроб” аз ҷумлаи онҳоянд.

Ҳамчунин ӯ беш аз 90 суруду романсҳои композиторони мухталиф ва сурудҳои халқиву классикиро иҷро намудааст, аз ҷумла “Саламно”, “Гулъузорам”, “Дилбари ҷонон”, “Муҳаббат”, “Ҷавонӣ” ва ғайра.

Номбурда моҳи январи соли 2023 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1948 – Зодрӯзи Бурҳонҷон Ризоев, муаррих, доктори илми таърих, профессор.

Соли 1949 – Мавлуди Ғуфрон Раҳимбоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1950 – Зодрӯзи Душанбе Паллаев, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Соли 1955 – Мавлуди Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷик, шореҳи сиёсӣ.

Неъматулло Мирсаидов

Неъматулло Мирсаидов рӯзноманигори байналмилалӣ, шореҳи сиёсӣ, ки бештар масоили сарҳадиро барои расонаҳо шарҳ медиҳад.

Ӯ яке аз асосгузорони Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои “Мир” мебошад. Ҳамчунин аввалин таҳлилгари сиёсӣ дар радиову телевизиони Тоҷикистон дониста мешавад. Номбурда фаъолияти касбии худро соли 1979 дар Кумитаи телевизион ва радио оғоз намуда, аз вазифаи мухбир дар Телевизиони Тоҷикистон то роҳбари барномаҳо расидааст.

Неъматулло Мирсаидов дар расонаҳои зиёди байналмилалӣ ва маҳаллӣ кор кардааст. Чанд сол муҳаррир дар расонаи “Варорӯд” буд, ки ҳоло аз нашр бозмондааст.

Соли 1965 – Мавлуди Нурулло Оқилзода, собиқ раиси ноҳияи Масчо ва Кӯҳистони Масчоҳ

Соли 1970 – Зодрӯзи Шаҳло Акобирова, рӯзноманигор, роҳбари ташкилоти “Хома”.

Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова беш аз 20 сол аст, ки яке аз фаъолноктарин созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии расонаӣ – “Хома”-ро роҳбарӣ мекунад.

Ӯ фаъолияти журналистии худро дар телевизиони шабакаи аввали Тоҷикистон оғоз намуда, сипас директори барномаи иттилоотию таҳлилии “Тоҷикистон” будааст.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хабарнигори шабакаи телевизионии Русия дар Тоҷикистон дар барномаи “Вести” буд. Ӯ як муддат роҳбарии барномаҳои таълимии расонаӣ дар ташкилоти байналмилалии “Internews Network”-ро ба уҳда дошт. Ҳамчунин Акобирова аз моҳи ноябри соли 2017 то ноябри 2019 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

27 май дар таърих ҳамчун рӯзи таъсиси шаҳри Санкт-Петербург – аввалин бандари Русия дар Баҳри Балтик ҷашн гирифта мешавад.г

Санкт-Петербург

27 майи соли 1930 ихтироъкори амрикоӣ Ричард Дрю патенти “скотч”-ро ба қайд гирифт. Ин навоварӣ дар лабораторияи 3M (Minnesota Mining and Manufacturing Company) таҳия шудааст.


Аввалин навъи “скотч” аз резина, равғанҳо ва қатрон дар заминаи селофан сохта шуда буд. Он бо хосиятҳои обногузарӣ, тобоварӣ ба ҳароратҳои гуногун ва шаффофӣ фарқ мекард, ки барои замонааш як навоварии воқеӣ ба шумор мерафт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 27 МАЙИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 24+26º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.