Дар радабандии нави ҷаҳонии шаҳрҳо - Oxford Economics Global Cities Index-2025, пойтахти Тоҷикистон - Душанбе миёни 1000 шаҳри ҷаҳон дар мақоми 683-юм қарор гирифт.
Тибқи радабандии беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон, ки аз ҷониби ширкати байналмилалии машваратии Oxford Economics нашр шудааст, бузургтарин шаҳри Қазоқистон - Алмато миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ пешсаф гаштааст. Ин шаҳр мақоми 258-умро касб кардааст.
Шаҳри Алмато дар бахши “сармояи инсонӣ” натиҷаи махсусан баланд гирифта, мақоми 64-умро соҳиб шуд, ки мақоми онро ҳамчун маркази зеҳнӣ ва рушди баланди илму маориф дар минтақа таъкид мекунад.
Дар радабандии шаҳрҳои Осиёи Марказӣ пас аз Алмато Остана бо мақоми 276-ум ҷой гирифт, ки дар бахшҳои иқтисод ва сармояи инсонӣ нишондиҳандаҳои хуб дошт, вале дар бахшҳои муҳити зист ва сифати идоракунӣ баҳои нисбатан паст гирифтааст.
Тошканд мақоми 471-ум дар ҷаҳон ва мақоми севвумро дар минтақа гирифт, Бишкек дар мақоми 498-ум ва Ишқобод дар мавқеи 623-юм қарор гирифтанд.
Пойтахти Тоҷикистон, Душанбе, дар мақоми 683-юм қарор гирифт, вале зарфияту имконоти он барои беҳбуди ҷойгоҳҳои худ тавассути муосирсозии инфрасохтор, беҳтар намудани сифати идоракунии шаҳрӣ ва тақвияти сармояи инсонӣ махсус таъкид гардид.
Дар радабандӣ боз ҳам Ню-Йорк пешсаф аст. Пас аз он Лондон ва Париж қарор доранд. Дар даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо Сан-Хосе, Сиэтл, Бостон, Сан-Франсиско, Мелбурн, Сидней ва Токио шомиланд.
Ҳангоми радабандии шаҳрҳо панҷ ҷанбаи калидӣ ба назар гирифта мешавад: иқтисод, сифати зиндагӣ, муҳити зист, идоракунӣ ва сармояи инсонӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар радабандии беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои мутахассисони хориҷӣ, ки Mercer соли 2024 таҳия кард, Душанбе мақоми 216-умро гирифт. Ҳангоми таҳияи ин раддабандӣ сифати зиндагӣ, инфрасохтор, маориф ва арзиши зиндагӣ ба назар гирифта мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста