ЧОРАБИНИҲОИ 29 МАЙ
- Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз мегардад. Дар ин конфронс беш аз 2200 намоянда аз 65 кишвар ва 70 созмони байналмилалӣ иштирок мекунанд. Созмондиҳандагони конфронс умедворанд, ки натиҷаҳои он оғози ташаббусҳои нави байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо таҳдидҳои иқлимӣ хоҳад шуд.
- Имрӯз Муҳаммадризо Ориф, муовини якуми раиси ҷумҳури Эрон бо даъвати расмии Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба Душанбе меояд. Тибқи иттилои Сафорати Эрон дар Душанбе, ӯ дар ин сафар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ширкат карда, ҳамчунин, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
- Ҳамчунин имрӯз аз соати 10:00 то 18:00 дар намоишгоҳи Dushanbe EXPO Centre дар чорчӯби Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо намоишгоҳи саноатӣ баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ соҳаҳои мошинсозӣ, саноати кимиё, нассоҷӣ, кӯҳкорӣ, технологияҳои иттилоотӣ, энергетика ва кишоварзӣ ба намоиш гузошта хоҳанд шуд. Инчунин дар майдони кушод техникаи нақлиётӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ва мошинҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишгоҳ то рӯзи 31 май идома меёбад.
- Имрӯз аз соати 9:00 то 10:00 дар доираи барномаи саҳарии “ИМКОН бо Субҳон Ҷалилов” Баҳодур Неъматов ва Махфират Ҳамроқулова, ду сарояндаи дастаи ҳунарии пуровозаи Гулшан меҳмони Радиои “Азия-Плюс” хоҳанд буд. Ҳамчунин давоми рӯз, соати 15:00 сарояндаи дигари тоҷик Ситораи Кароматулло меҳмони барномаи “ПАРВОЗ”-и Радиои Азия-Плюс хоҳад буд.
- Ҳамчунин имрӯз соати 14:00 дар Маркази амрикоӣ дар Душанбе филми “Дурӯғ” намоиш дода мешавад. Вуруд ва тамошо озод аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 МАЙ
Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.
Соли 2016 – Озода Раҳмон, роҳбари кунунии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, духтари раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Соли 2019 – Парлумон тағйирот ба Қонун “Дар бораи кашфиёти низомии Қувваҳои Мусаллаҳ”-ро тасдиқ кард, ки тибқи он ба мақомоти кашфиёти низомӣ иҷозат дода мешавад, ки дар дохили кишвар бо гурӯҳҳои террористӣ мубориза баранд.
Соли 2020 – Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори вақти “Азия-Плюс” бори дуввум мавриди ҳамла қарор гирифт. Ӯ дар ноҳияи Хуросон, ки барои таҳияи гузориш оид ба осебдидагони офати табиӣ рафта буд, аз ҷониби афроди номаълум латукӯб шуд.
Соли 2020 – Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 90 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Ҳиндустон дармонда буданд, бо парвози махсус аз Деҳлӣ ба Душанбе овард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1936 – Зодрӯзи Барот Яхшӣ, овозхон.
Соли 1938 – Мавлуди Амирҳайдар Давлатов, ҳунарпешаи театр.
Соли 1940 – Зодрӯзи Пӯлод Маҳкам, нависанда.
Соли 1947 – Мавлуди Қадриддин Аслонов, ходими ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ ва тоҷик, Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.

Қадриддин Аслонов яке аз ходимони давлатии шинохтаи тоҷик дар солҳои аввали истиқлолхоҳии Тоҷикистон буд. Ӯ соли 1990, дар айёми бозсозӣ, ки ҳизби коммунист ба Шӯроҳо ваколати бештар дод, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва баъди ба мақоми раёсатҷумҳурӣ гузаштани Қаҳҳор Маҳкамов, раиси парлумони вақти ҷумҳурӣ интихоб шуд. Баъди истеъфои Маҳкамов Қадриддин Аслонов ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ кафили раёсатҷумҳурии Тоҷикистон шуд.
Муҳимтарин асноде ки ӯ дар ин симат ба имзо расонд, Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ва ҳам қарори манъи фаъолияти ҳизби коммунист ва мусодираи молумулкаш дар таърихи 21 сентябри ҳамон сол буд.
Ӯ зери фишори коммунистҳои тоҷикистон истеъфо дод ва баъдтар кушта шуд.
Соли 1957 – Мавлуди Абдувалӣ Давронов, мунаққид, адабиётшинос ва тарҷумони тоҷик.
Соли 1962 – Зодрӯзи Тоҳир Хоҷазода, олим, доктори илмҳои физика ва математика, ректори пешини Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
Соли 1965 – Зодрӯзи Бахтиёр Худойназаров, коргардон шинохтаи тоҷик.

Бахтиёр Худойназаров фаъолияти кориашро соли 1983 ба ҳайси рӯзноманигори радио ва телевизион оғоз намуда, баъдан, дар киностудияи “Тоҷикфилм” ҳамчун ассистент ва коргардон фаъолият кардааст. Аввалин филми офаридаи ӯ ба ҳайси коргардон “Бародар” ном дорад.
Ҳамчунин, филмҳои “Қош ба қош”, “Падари маҳтобӣ”, “Дар интизории баҳр”, “Танго”, “Набераи Гагарин”, “Шик” аз ҷумлаи беҳтарин филмҳои офаридаи ин коргардонанд.
Охирин филми ӯ силсилаи телевизионии “Гетераҳои майор Соколов” аст. Бахтиёр Худойназаров солҳои охир дар Маскав ва Берлин истиқомат мекард. Баъд аз бемории вазнин 21-уми апрели соли 2015 дар Берлин дар синни 49-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1972 – Мавлуди Умед Мирзоширинов, коргардони саршиноси тоҷик.

Умед Мирзоширинов яке аз коргардонҳои муваффақи тоҷик буда, яқ қатор филмҳои офаридааш муваффақ гардидаанд. Аз ҷумла филми “Муҷассамаи ишқ”, ки аз беҳтарин филмҳои синамои тоҷик дониста мешавад, бо коргардонии ӯ рӯйи саҳна омадааст.
Фаъолияти коргардонии Мирзоширинов дар киностудияи “Мосфилм” ба сифати ёвари коргардон оғоз шуда, баъди соли 2000 ба Душанбе баргаштанаш дар “Тоҷикфилм” идома ёфт. Ӯ инҷо аввал филми бадеии “Муҷассамаи ишқ” ва баъдан филми бисёрқисматаи телевизионии “Муҳаббат”-ро таҳия кард. Номбурда муаллифи чандин филми бадеӣ, аз ҷумла “Бумеранг”, “Гулҳои Душанбе”, “Мушкилкушо” ва “Додараки фариштаҳо” аст.
Соли 1983 – Самариддин Саъдиев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.

Самариддин Саъдиев яке аз чеҳраҳои мондагори санъати театру синамои тоҷик буда, бо иҷрои нақши мӯзадӯз дар филми бадеӣ-мазҳакавии “Ман бо духтаре вохӯрдам” дар хотири ҳаводоронаш нақш бастааст. Ҳамчунин дар як қатор филмҳои маъруфи тоҷикӣ – “Вақти зангирии писар расид”, “Қиссаҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки…”, “Тӯфон дар водӣ”, “Бо завқ нигоҳ кун” нақш офаридааст.
Ӯ солҳо дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст. Номбурда 29-уми майи соли 1983 дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1986 – Зодрӯзи Ҷонибек Муродов, овозхони тоҷик, фарзанди Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҷонибек Муродов яке аз овозхонҳои ҷавон ва шинохтаи тоҷик ва писари Ҷӯрабек Муродов, овозхони маъруфи тоҷик аст. Фаъолияти ҳунарии ӯ соли 1995 оғоз гардида, то соли 2005 дар гурӯҳи “Боло” овозхонӣ кардааст. Як муддат овозхони гурӯҳи “Вазир” буд ва аз соли 2007 яккахонӣ мекунад.
Ҷонибек Муродов чанде пеш меҳмони Азия-Плюс буд. Пиромуни роҳи эҷодӣ ва ҳунарии ӯ дар маводи Ҷонибек Муродов: Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ! мутолиа кунед.
Соли 2012 – Худойназар Боқиев, ҷудокори тоҷик, Устоди варзиши Тоҷикистон дар 61-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2023 – Асад Гулзодаи Бухороӣ, шоир, забоншинос ва рӯзноманигори тоҷики муқими Бухоро ва яке аз пуштибонҳои забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон дар синни 88-солагӣ аз олам чашм баст.

Асад Гулзода шоир, забоншинос ва рӯзноманигори шинохтаи муқими Бухоро буд ва барои зинда нигоҳ доштани забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвар талошу ҷонбозиҳои зиёд мекард. Ӯ дар солҳои охир машғули кори эҷодӣ ва шеърнависӣ буд. Бештари шеърҳои марҳум дар васфи Бухоро ва бузургони тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Мушфиқӣ, Шавкати Бухороӣ, Носири Бухороӣ, Ҳайрат, Аҳмади Дониш ва ғайра буда, дар онҳо бузургии халқи тоҷик таҷассум меёфтанд.
Гулзода дар яке аз мусоҳибаҳои худ аз гум шудани забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро ва ояндаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон нигаронӣ карда, гуфта буд, ки “дар Ӯзбекистон тахминан 300 шоиру нависандаи тоҷик ҳастанд, вале дар Бухоро ду кас мондаем – ман ва Ҳадяи Бухороӣ. Дигар эҷодкорҳо тоҷик бошанд ҳам, ӯзбекӣ менависанд”.
Асал Гулзода муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Насими Бухоро”, “Хатти пешонӣ”, “Бухоро”, “Шукуфаҳои Бухоро”, “Намози рӯи барг”, “Нафаси баҳор”, “Гули мурод”, “Арзи сипос” буда, куллиёти ашъораш дар 4 ҷилд таҳияву дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд.
Соли 2004 нашриёти “Маориф ва фарҳанг”-и шаҳри Душанбе маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи “Шукуфаҳои Бухоро” ва соли 2007 маҷмӯаҳои “Намози рӯи барг” ва “Нафаси баҳор”-ро ба табъ расонд. Соли 2022 мунтахабаи ашъори Асад Гулзодаи Бухороӣ таҳти номи “Паёме аз Бухоро” дар ҳаҷми 500 саҳифа дар Душанбе ба чоп расид. Ӯ аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 2002 Маҷмаи Умумии СММ дар қатъномаи худ (57/129) 29-уми майро Рӯзи байналмилалии нерӯҳои сулҳпарвари СММ эълон кард. Ин сана ба хотири ҷонфидоиву садоқати сулҳпарвароне гиромӣ дошта мешавад, ки дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон барои ҳифзи сулҳ ва амният фаъолият мекунанд.

29 майи соли 1985 дар варзишгоҳи “Ҳейзел”-и шаҳри Брюссел, пеш аз бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонони футболи Аврупо байни дастаҳои “Ливерпул” (Англия) ва “Ювентус” (Италия), миёни мухлисони ду даста муноқиша ба амал омад. Ин ҳодиса яке аз фоҷиабортарин рӯйдодҳои таърихи футбол дониста мешавад.

Ташкилкунандагони бозӣ хатои ҷиддӣ карда буданд, яъне мухлисони тимҳои рақибро аз ҳам ҷудо накарда буданд. Кӣ аввал задухурдро оғоз кард, маълум нест. Пулис дахолат накард. Баъд аз сар задани задухӯрд ва таҳлука девори кӯҳнаи бетонӣ фурӯ рехт. Дар натиҷа 39 нафар ҳалок ва беш аз 400 кас маҷрӯҳ шуданд.
29 майи соли 1953 баландтарин қуллаи ҷаҳон – Ҷомолунгма (Эверест) бо баландии 8848 метр аз сатҳи баҳр барои аввалин бор фатҳ карда шуд. Фатҳкунандагон Эдмунд Ҳилларӣ аз Зеландияи Нав ва шерпаи машҳури непалӣ Норгей Тенсинг буданд. Онҳо парчами Британияи Кабир, Непал, Ҳиндустон ва СММ-ро дар қулла барафрохтанд.

29 майи соли 1900 ширкати амрикоии “Otis Elevator Company” тамғаи нави тиҷоратии худ – “Эскалатор”-ро сабт кард. Чанд сол қабл, ин ширкат аввалин бор эскалаторро дар Намоишгоҳи байналмилалии Париж муаррифӣ карда буд. Калимаи “эскалатор” маънои “зинаи ҳаракаткунанда” ё “мошини борбардор”-ро дорад ва барои интиқоли одамон ё бор аз як ошёна ба ошёнаи дигар истифода мешавад. Нишебии он одатан 30-35 дараҷа аст.

29 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳозимаи солим ҷашн гирифта мешавад. Ин сана дар иртибот ба қабули Оинномаи Созмони ҷаҳонии гастроэнтерологҳо дар соли 1958 интихоб шудааст. Ҳадафи таҷлили ҳамасолаи ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти системаи ҳозима ва афзоиши бемориҳои марбут ба он мебошад. Тибқи омор, 50-60%-и аҳолӣ аз бемориҳои ҳозима ранҷ мебаранд ва дар шаҳрҳои калон ин нишондод метавонад ба 90% расад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 29 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, рӯзона 10+15º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм), эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.



