ЧОРАБИНИҲОИ 30 МАЙ
- Имрӯз, соати 10:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Фарзона ва Озарахш, ду Шоири халқии Тоҷикистон маҳфили “Ҳумоюн” баргузор мегардад. Дар маҳфил гуфтугӯ бо шоирон ва рӯнамоии китобҳои “Сетор”-и Фарзона ва “Ба баҳонаи баҳорон”-и Озарахш, ки дар Эрон ба нашр расидаанд, дар назар аст. Иштирок дар маҳфил озод буда, ҳаводорони шеъру адаб метавонанд ширкат кунанд.
- Имрӯз бахшида ба рӯзи кӯдакон “Азия-Плюс” ҷашнвораи “Салом, тобистон”-ро баргузор мекунад. Чорабинӣ аз соати 16:00 то 20:00 дар Боғи “Ирам” доир шуда, бозиҳои варзишӣ, рақсу суруду тарона, намоиши роботҳо ва мастер класс оид ва шатранҷу шашка, ҳунарнамоии ҳунармандони сирк ва расмкаширо дарбар хоҳад гирифт.

- Дар Душанбе Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо идома дорад. Дар ин конфронс беш аз 2200 намоянда аз 65 кишвар ва 70 созмони байналмилалӣ иштирок мекунанд.
- Дар намоишгоҳи Dushanbe EXPO Centre дар чорчӯби Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо намоишгоҳи саноатӣ идома дорад. Он аз соати 10:00 то 18:00 баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ соҳаҳои мошинсозӣ, саноати кимиё, нассоҷӣ, кӯҳкорӣ, технологияҳои иттилоотӣ, энергетика ва кишоварзӣ ба намоиш гузошта хоҳанд шуд. Инчунин дар майдони кушод техникаи нақлиётӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ва мошинҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишгоҳ то 31-уми май идома меёбад.
- Имрӯз аз соати 15:00 то 22:00 дар Боғи Ирам намоиши бадеии “Суруди пирях” баргузор мешавад. Намоиш бо истифода аз саҳнасозӣ, садо, аниматсия як фазои рангорангро эҷод мекунад. Он дар ҳошияи Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мешавад. Намоиш то 2-юми июн дар ин макону дар ин соат баргузор хоҳад шуд.
- Имрӯз соати 17:00 дар меҳмонхонаи “Душанбе-Серена” намоиши асарҳои Лутфия Ҳакимова, рассоми тоҷик бо унвони “Ҷаҳони ман” ифтитоҳ мешавад. Намоиш то 25-уми июн идома хоҳад кард.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 МАЙ
Соли 2007 – Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон”-ро қабул кард.
Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шоири саршиноси тоҷик Бозори Собирро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфт.
Соли 2015 – Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бори аввал дар “Боғи Пойтахт”, имрӯза “Боғи Умари Хайём” ба муносибати рӯзи кӯдакон ҷашнвораи “Мамлакати хурд”-ро баргузор намуд.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон нахустин Кодекси тандурустии Тоҷикистонро имзо кард.
Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.
Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ дар Эрон бо Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ, раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раисҷумҳури Эрон ва Муҳаммад Боқири Қолибоф, Раиси Маҷлиси Шурои исломӣ мулоқот кард.
Соли 2023 – Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид
ШАХСИЯТҲО
Соли 1920 – Мавлуди Мақсуд Шукуров, доктори илмҳои таърих, ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Соли 1960 – Зодрӯзи Маҳмуд Тошматов, иқтисоддони тоҷик.
Соли 2020 – Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадор, ходими давлатӣ, собиқ муовини якуми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори саршиноси солҳои 1990-и Тоҷикистон, яке аз пешсафони ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вакили номвари порлумони аввалини кишвар ва номзад дар интихобот аввалини раисҷумҳур буд, ки якҷо бо 11 номзад, аз ҷумла Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва дигарон рақобат карда, тарафдории бахше аз интихобкунандагонро ба даст оварда буд.
Дар интихоботи президентии соли 1999 бори дигар номзад шуд, вале ба марҳалаи асосӣ роҳ наёфт. Номзадии ӯро бо далели ҷамъоварии имзои ками пешбарикунандагон бекор карданд.
Баъд аз ин саҳнаи сиёсиро тарк карда ва ба тиҷорат машғул шуд.
Ӯ дар шаҳри Истаравшани ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишкадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.
Аз соли 1973 то 1986 коргар, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа ва солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.
Солҳои 1991-92 ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
30-юми майи соли 1431 дар шаҳри Руан яке аз фармондеҳони саршиноси артиши Фаронса дар ҷараёни Ҷанги садсола Жанна д’Арк ҳамчун кофар дар оташ сӯзонда шуд. Ӯ баъдан ба қаҳрамони миллии Фаронса табдил ёфт.
Жанна тавонист подшоҳ Карли VII-ро мутақоид созад, ки фармондеҳии нерӯҳои фаронсавиро ба ӯ биспорад. Вай бо ин нерӯҳо ба самти Орлеан раҳсипор шуд. Дар ҷомеа овозаи қавие паҳн шуда буд, ки тибқи ривоят, маҳз Жанна ҳамон духтари наҷотбахши Фаронса аст. Ин бовар нерӯҳои фаронсавиро рӯҳбаланд кард. Дар натиҷаи як силсила муҳорибаҳо, ки худи Жанна низ фаъолона ширкат дошт, муҳосираи Орлеан бардошта шуд ва артиши Фаронса ба як зумра пирӯзиҳои пайдарпай ноил гардид.

23 майи соли 1430 Жанна д’Арк ба асорати англисҳо афтод. Онҳо дар шаҳри Руан додгоҳи динӣ ташкил намуда, ӯро ба кофарӣ ва ҷодугарӣ муттаҳам карданд. Додгоҳ Жаннаро ба қатл маҳкум намуд ва 30-юми май дар майдони Бозори Қадим дар Руан зинда ба зинда сӯзонданд.
Солҳои 1455-1456 дар шаҳри Бурж мурофиаи пас аз марги Жанна баргузор шуд ва номаш расман сафед гардид. Дар соли 1920, калисои католикӣ Жанна д’Аркро ба зумраи муқаддасот шомил намуд. Аз он вақт инҷониб, маҳз 30 май - рӯзи ба қатл расидани Жанна д’Арк ҳамчун Рӯзи байналмилалии феминизм таҷлил мегардад. Ҳадафи он ёдоварӣ аз баробарии ҳуқуқии занону мардон ва мубориза бо ҳар гуна табъизи нажодӣ, ҷинсӣ ва мазҳабӣ аст.
30-юми майи соли 1896 дар Маскав фоҷиаи Ходинка рух дод. Таҷлили тантанаҳои тоҷгузории Император Николай II дар майдони Ходинка, воқеъ дар шимолу ғарби шаҳр бо ҳалокати ҳазорон нафар анҷомид. Майдони Ходинка, ки қаблан ҳамчун майдони таълимии нерӯҳои низомӣ истифода мешуд, пур аз чуқуриҳо ва ҷариҳо буд. Ба муносибати ҷашн ин камбудиҳо бо тахта пӯшонида шуда, рӯяшонро бо рег ҳамвор карданд.

Оғози расмии тантанаҳо соати 10-и субҳ эълон шуда буд. Аммо овозаҳо дар бораи тақсими туҳфа ва пул ҳазорон нафарро шабона ба ин макон кашонд. Вақте овозаи “туҳфа ба ҳама намерасад” паҳн шуд, издиҳом ба самти хайма ва анборҳо рафтанд ва тахтаҳои рӯйи чуқуриҳо хобонидашуда фурӯ рафтанд. Одамоне, ки ба дарун афтоданд, дигар баромада натавонистанд. Бар асоси манобеи таърихӣ, дар натиҷаи ин фоҷиа 1389 нафар ҳалок ва беш аз 1500 кас захмӣ гардидаанд.
Имрӯз инчунин Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо астма ва аллергия аст. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ин рӯзро барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи нишонаҳо, раванди беморӣ ва оқибатҳои астма ва аллергия таъсис додааст.

Тибқи омор, имрӯз тақрибан 6% аҳолии ҷаҳон аз астмаи шуш ранҷ мебаранд ва зиёда аз 40% нишонаҳои аллергия доранд.
Гуфта мешавад, ки 30-юми майи соли 1896 аввалин садамаи нақлиётӣ дар ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Аввалин ҳодисаи расман сабтшудаи садамаи нақлиётӣ дар ҷаҳон дар шаҳри Ню-Йорк рух дода буд ва мошини барқии Генри Уэлс бо дучархаи Эвелин Томас бархӯрд. Дучархасавор аз ин садама ҷон ба саломат бурд ва танҳо пояш шикаста буд.

30-юми майи соли 2014 дар ИМА нахустнамоиши филми афсонавии “Малифисента” баргузор шуд. Ин филм навсозии филми тасвирии маъруф – “Зебосанами хуфта”-и студияи Disney аст, ки соли 1959 ба саҳна омада буд. Нақши асосии ҳикояи пештар низ маъруф, ки дар ин филм Малифисента - ҷодугарзани бадкирдор аст, аз ҷониби ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ офарида шудааст.

Ҳамчунин, 30 май ҳамчун Рӯзи окрошка – яке аз таомҳои маъруфи тобистона таҷлил мегардад. Ин шӯрбои сард барои рӯзҳои гарми тобистон беҳтарин ғизо ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб, дар арафаи тобистон таҷлили чунин ид тааҷҷубовар нест. Аввалин ёдоварӣ аз окрошка дар шакли муосир ба охири асри XVIII рост меояд.

Дар дигар ошхонаҳои миллӣ низ шӯрбоҳои хунук мавҷуданд, ки ба окрошка монанданд. Масалан, дар кишварҳои Балкан “таратор” ном шӯрбои хунук аз йогурти тунук бо бодиринг, сир, чормағзи ангурӣ ва шибит маъмул аст. Дар Аврупои Шарқӣ “холадник” – шӯрбои хунук аз лаблабӯи пухта ва сабзавоти тару тоза бо сметана ва нисфи тухми маъмул аст. Дар Тоҷикистон бошад, окрошкаро дар чаккаи обкардашуда омода мекунанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 30 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст ва чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3º, рӯзона 9+14º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 26+28º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12º гарм, рӯзона 20+22º гарм мешавад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста