Чорабиниҳои 31 май
- Имрӯз дар Душанбе Конфронси байналмилалии пиряхҳо ба итмом мерасад. Он рӯзи 29-уми май оғоз гардида буд ва гуфта мешуд беш аз 2200 намоянда аз 65 кишвар ва 70 созмони байналмилалӣ иштирок мекунанд.
- Дар намоишгоҳи Dushanbe EXPO Centre дар чорчӯби Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо намоишгоҳи саноатӣ идома дорад ва имрӯз ба итмом мерасад. Он аз соати 10:00 то 18:00 баргузор мегардад.
- Имрӯз аз соати 15:00 то 22:00 дар Боғи Ирам намоиши бадеии “Суруди пирях” идома дорад. Намоиш бо истифода аз саҳнасозӣ, садо, аниматсия як фазои рангорангро эҷод мекунад. Он дар ҳошияи Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мешавад. Намоиш то 2-юми июн дар ин макону дар ин соат баргузор хоҳад шуд.
- Имрӯз аз соати 10:00 то 18:00 дар меҳмонхонаи “Румӣ” намоиши “Шаҳри ҳунармандон” баргузор мешавад. вуруд ва тамошо озод аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 31 МАЙ
Соли 1960 – Заводи трансформатории Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба истифода дода шуд. Ин корхона ба истеҳсоли трансформаторҳо, зеристгоҳҳои трансформаторӣ ихтисос дода шуда буд.
Соли 2012 – Вакилони парлумон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишварро дар бораи бекор кардани моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ, ки ба тӯҳмат ва таҳқир марбут буданд, қабул кард. Ин тағйирот ҷиноятӣ будани тӯҳмат ва таҳқирро лағв намуда, онҳоро ба сатҳи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ табдил дод.
Соли 2013 – Дар шаҳри Душанбе маҷаллаи чинии “Пули қора” ба табъ расид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Чин буд, ки бо забони тоҷикӣ нашр шуд. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистону Чин ва ҳамкории ин ду давлат маълумот дода мешуд.
Соли 2018 – Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷоизаи махсус барои саҳми арзандааш дар мубориза бо тамокукашӣ тақдим кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1930 – Мавлуди Эргаш Рӯзметов, риёзидони тоҷик, номзади илмҳои физика-математика, профессор.
Соли 1955 – Зодрӯзи Маҳмадшариф Нозимов, иқтисоддон ва собиқ вакили парлумон.
Соли 1956 – Мавлуди Бадриддин Мақсудов, адабиётшинос, олим, доктори илми филология, профессор.
Соли 1958 – Зодрӯзи Ғайрат Адҳамов, ходими ҳарбии тоҷик, генерал-лейтенант, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон.
Соли 1974 – Зодрӯзи Файзигул Юсуфӣ, овозхони тоҷик.
Соли 1988 – Турсун Ӯлҷабоев, ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон дар 72-солагӣ оламро падруд гуфт.

Турсун Ӯлҷабоевро яке аз роҳбарони боҷуръат ва пурсамари Тоҷикистон дар аҳди шӯравӣ медонанд. Маҳз дар замони роҳбарии ӯ дар Тоҷикистон, чандин корхонаҳои бузурги кишвар сохта шуд, ки имрӯз низ асоси саноати вазнин ва энерҷии кишвар дониста мешавад.
Ӯ 1-уми майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1935 техникуми омузгорӣ ва соли 1950 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москва хатм кардааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) саркарда, сипас ба ҳайси мудири шуъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ин ноҳия, котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон (1941—1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950—1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954—1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955—1956), Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон (аз майи соли 1956 то апрели соли 1961) кор кардааст.
Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли 1960 сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак оғоз гардид. Дар пленуми КМ ҲКИШ (апрели соли 1961) ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев дар “қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардан дар бораи иҷроиши нақшаҳои пахтасупорӣ ба давлат” муттаҳам ва аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ гардид.
Баъдтар ҳамаи иттиҳомот алайҳи ӯ бекор ва Турсун Улҷабоев сафед карда шуд. Ҳоло Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев гузошта шудааст.
Соли 1993 – Наврӯзшо Қурбонҳусейнов, овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 2001 – Зодрӯзи Манучеҳр Сафаров, футболбози тоҷик.
Соли 2002 – Тоҳир Собиров, ҳунарпеша ва коргардони маъруфи синамои тоҷик дар 72-солагӣ аз олам чашм баст.

Тоҳир Собиров дар баробари Борис Кимёгаров яке аз ду боли қавие буд, ки мурғи синамои тоҷикро дар чанд даҳсола дар парвоз медошт.
Мисоли барҷастаи ҳунару истеъдоди коргардонии ӯ дар филмҳои “Марги судхӯр”, “Як шаби дигари Шаҳрзод”, “Афсонаи нави Шаҳрзод”, “Шаби охирини Шаҳрзод” , “Ашк ва шамшер”, силсилафилмҳои “Ҳеҷбудагон” (дар се қисм) ва идомааш “Ҳеҷбудагон ҳама чиз шуданд” ва дигар филмҳояш баръало мунъакисанд.
Ӯ ҳунарпеша, коргардони синамои тоҷик ва филмноманавис буда, замоне Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон низ буд.
Тоҳир Собиров дар филми “Дохунда” – и Кимёгаров худ нақши Дохундаро иҷро кардааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку таҷлил мегардад. Ин рӯз аз соли 1988 ба ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҷорӣ шудааст. Ҳадафи он ҳифзи наслҳои имрӯза ва оянда аз таъсири харобиовари тамоку ба саломатӣ, муҳити зист, ҷомеа ва иқтисод мебошад.

Тибқи маълумоти СҶТ, ҳамасола тақрибан 7 миллион нафар аз истифодаи тамоку фавтида, беш аз 800 ҳазор нафар дар натиҷаи нафаскашии дуди тамокуи дигарон ҷони худро аз даст медиҳанд.
31 майи соли 1942 дар шароити муҳосираи сахти Ленинград дар варзишгоҳи “Динамо” бозии рамзии футбол баргузор гардид. Дар моҳи апрели ҳамон сол нерӯҳои Олмон варақаҳои таблиғотӣ паҳн карда буданд, ки дар онҳо Ленинградро “шаҳри мурдаҳо” хонда, аз ишғолаш худдорӣ мекардаанд.

Бо мақсади посух ба ин таблиғот, ду даста – “Динамо” ва тими Заводи металлургии Ленинград бо вуҷуди гуруснагӣ ва заъфи ҷисмонӣ ба бозии 30-дақиқагӣ ворид шуданд. ХХХХХ чанд рӯз?
31 майи соли 1859 соати машҳури Биг-Бен ба кор даромад. Соати Биг-Бен, ки дар бурҷи Шӯрои парлумонии Британия (ҳоло бурҷи Елизавета) ҷойгир аст, бо баландии 96,3 метр ва занги 13-тоннагиаш маъруф буда, имрӯз яке аз рамзҳои Британияи Кабир ба ҳисоб меравад.

31 май соли 1868 дар боғи Сен-Клу, назди шаҳри Париж, аввалин мусобиқаи расмии дучархаронӣ баргузор гардид. Масофаи он 2000 метр буд.

Соли дигар, аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар масофаи дур – аз Париж то Руан (120 км) баргузор шуд. Имрӯз, маъруфтарин мусобиқаи дучархаронӣ дар ҷаҳон Тур де Франс аст, ки аз соли 1903 баргузор мешавад.
Аз соли 2004, 31 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии тӯтӣ таҷлил мешавад. Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи ин парандаҳои зебо ва зеҳнӣ ҳам дар табиат ва ҳам дар асорат мебошад.

Бунёди ҷаҳонии тӯтиҳо – World Parrot Trust соли 1989 дар боғи “Парадайз” дар Корнуолли Британия таъсис ёфтааст.
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии блондинкаҳо аст. Бар асоси баъзе манбаъҳо, ин рӯз аз сӯи як гурӯҳ ҳуқуқшиносони блондинкаи амрикоӣ таъсис ёфтааст, ки худро дар муҳити кории мардона ҷиддӣ қабулнагардида эҳсос мекарданд. Андешаи дигар ин аст, ки баъд аз намоиши филми “Блондинка дар ҳуқуқ” (2001) ин рӯз маъруф гардид.

Олимон мегӯянд, ки блондинкаи табиӣ нодир аст ва эҳтимол аст, то соли 2202 комилан аз рӯйи замин нопадид шавад. Дар панҷоҳ соли охир шумораи онҳо аз 49% то 14% коҳиш ёфтааст.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 31 МАЙИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 26+28º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 20+22º гарм.



