ЧОРАБИНИҲОИ 2 ИЮН
- Имрӯз аз соати 15:00 то 22:00 дар Боғи Ирам намоиши бадеии “Суруди пирях” идома мекунад. Намоиш бо истифода аз саҳнасозӣ, садо, аниматсия фазои рангорангро эҷод мекунад. Он дар ҳошияи Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мешавад. Намоиш 29-уми май оғоз гардида буд ва имрӯз хотима меёбад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 ИЮН
Соли 1963 – Дар Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи “Ин ҷо Душанбе” (ҳоло “Ҷаҳони паём”) нашр шудааст.
Соли 2004 – Қонун (мораторий) “Дар бораи боздошти татбиқи ҷазои қатл дар Тоҷикистон” қабул карда шуд.
Соли 2010 – Вакилони парлумон санаи нав барои Рӯзи забони тоҷикӣ – 5 октябрро расман тасдиқ карданд. То ин лаҳза рӯзи 22 июл Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мегардид.
Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ӯзбекистон бо Шавкат Мирзиёев, роҳбари ин давлат ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузошт. Ин лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1940 – Мавлуди Зафар Нозим, овозхони саршиноси тоҷик.

Зафар Нозим яке аз қофиласолорони ҳунари овозхонии тоҷик дар қарни гузашта буд ва бештар аз 40 сол яке аз мумтозтарин овозхонон дар саҳнаи ҳунари тоҷик дониста мешуд. Таронаҳои вай бар осори классикон мисли "Эй сорбон", "Бигзор то бигирям" ва даҳҳо дигар ба унвони шоҳасари ҳунари овозхонӣ дар ганҷинаи фарҳангии тоҷикон боқист. Вай соҳиби унвонҳои пурифтихори Ҳунарманди мардумӣ ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон буд. Зафар Нозим 3 августи соли 2010 дар синни 70-солагӣ, баъд аз беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Соли 1943 – Зодрӯзи Саъдулло Исломов, иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Соли 1941 – Мавлуди Толиб Хаскашев, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор.
Соли 1950 – Зодрӯзи Толиб Ваҳҳобов, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор.
Соли 1962 – Мавлуди Афзалшоҳи Шодӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, собиқ роҳбари Филармонияи давлатӣ.

Афзалшоҳ Шодӣ, яке аз ҳунармандони саршиноси санъати тоҷик буда, бештар бо хондани оҳангҳои ҳувиятхоҳиву миллигароёна ва ватандӯстӣ дар поёни солҳои Шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлол дар Тоҷикистон маъруф шуд.
Афзалшоҳ бештар ин оҳангҳоро бар пояи матни шоирони маъруфи вақт - Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва шоирони дигар иҷро карда ва дар миёни қишри миллигаро дар сар то сари ҳавзаи забони форсӣ маҳбубият пайдо кард.
Солҳои ахир ин ҳунарманд дар баробари оҳангҳои ҳаммосиву ошиқонаву иҷтимоӣ, ҳаводиси пуртаззоди ҷаҳонро низ вориди матни оҳангҳояш карда, ки истиқболи хубе дар сатҳҳои гуногун мешавад.
Ин овозхони шинохта ҳамчунин аз хонандагони маъруфи мусиқиҳои классикӣ, аз ҷумла шашмақом дониста мешавад. Афзалшоҳи Шодӣ услуб ва мактаби хоси овозхонии худро дорад, ки ӯро аз ҳунармандони муваффақ дар интихоби матну оҳанг ном мебаранд.
Соли 1962 – Мавлуди Алишер Латифзода, оҳангсози тоҷик.
Соли 1965 – Зодрӯзи Сиҷоуддин Саломзода, ходими давлатӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
2 июни соли 1962 дар шаҳри Новочеркасск (СССР) фоҷиаи хунин ба вуқуъ пайваст, ки дар таърих бо номи “Тирборони Новочеркасск” маъруф аст. Сабаби шурӯи тазоҳурот болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ (шир ва гӯшт) ва ҳамзамон коҳиши музди меҳнат дар корхонаи электровозсозии шаҳр буд.

Дар натиҷа, 26 нафар кушта ва садҳо кас захмӣ шуданд. Баъдан 7 нафар ҳамчун ташаббускорони ошӯб ба қатл маҳкум шуда, даҳҳо тани дигар ба 10–15 соли зиндон маҳкум шуданд. Моҳи майи соли 1992 Шӯрои Олии РСФСР ҳамаи маҳкумшудагонро сафед карда, ба хонаводаҳои қурбониён ҷуброни молӣ пардохт кард.
2 июни соли 1953 дар Лондон маросими расмии тоҷгузории Елизаветаи II, маликаи шҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор шуд.

Елизавета духтари подшоҳ Георг VI ва малика Елизавета Боуз-Лайон буд. Пас аз вафоти падар (6 феврали соли 1952), маросими тоҷгузорӣ бо таъхир, баъди як соли мотам баргузор шуд. Тоҷ аз тило сохта шуда, бо 275 санги гаронбаҳо оро ёфта ва вазни он 3 кг буд. Ба шарофати пофишории Елизавета, маросим бори аввал дар таърихи Британия зинда, тавассути телевизион пахш гардид, ҳарчанд бархе аз раҳбарони давлатӣ ва калисо муқобили он буданд.
2 июн Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст. Ин рӯз аввалин бор соли 2011 ҳамчун ҷавоб ба “рӯзи фаровонӣ”-и амрикоӣ, ки дар он мардум ҳар чизи хоҳишдоштаро мехӯранд, таҷлил шуд.

2 июни соли 1955 рӯзи таъсиси космодроми Байконур аст. Моҳи майи соли 1957 аввалин мушаки баллистикии қитъавии Р-7 аз ҳамин космодром партоб шуд. Аз Байконур аввалин моҳвораи сунъии Замин (1957) ва нахустин киштии кайҳонӣ бо Юрий Гагарин (1961) ба кайҳон фиристода шуданд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борон ва барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борон ва барф) борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст ва чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борон ва барф) борида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º хунук, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 22+24º гарм.



