ЧОРАБИНИҲОИ 5 ИЮН
- Имрӯз, соати 17:00 ба вақти Душанбе (соати 19:00 ба вақти Камбоҷа) тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллии олимпии шаҳри Пном Пен бо мунтахаби Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин рақобат дар доираи омодагӣ ба вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар пойтахти Қамбоҷа шаҳри Пном Пени баргузор мешавад.
- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ баргузор мешавад. Барои иштирок дар ҷаласаи мазкур роҳбарони ҳукуматҳо ва намояндагони Озарбойҷон, Беларус, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон ва Туркманистон ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар робита ба ин, имрӯз, аз соати 8:00 то 15:00 ҳаракати нақлиёт тавассути хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Аҳмади Дониш ва Мирзо Мастонгулов муваққатан маҳдуд хоҳад буд.
- Имрӯз дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад. Он 2-юми июн оғоз гардида буд ва дар доираи он як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Қазон баргузор шуданд.
- Дар Тоҷикистон то 14 июн бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун марафони ихтиёрии хунсупорӣ баргузор мешавад. Ҳар як шахс метавонад дар маърака иштирок кунад.
Барои ин ба филиали наздиктарини Маркази ҷумҳуриявии хун ё ба маркази саломатии маҳаллӣ худ муроҷиат кардан лозим аст. Донор метавонад шаҳрванди Тоҷикистон бошад, ки аз 18 то 60 сол дошта, тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад. Пеш аз супоридани хун донор аз муоинаи тиббии ройгон мегузарад. Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд бо худ шиносномаашонро дошта бошанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 5 ИЮН
Соли 2013 – Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ”-ро ҷонибдорӣ кард.
Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони махсусеро ба имзо расонид, ки тибқи он бо мақсади коҳиши таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди кишвар, ба соҳибкорон ва баъзе соҳаҳои иқтисодӣ имтиёзҳо ва таътили андозӣ дода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1936 – Мавлуди Муқаддима Ашрафӣ, олим, доктори илмҳои санъатшиносӣ ва завҷаи Камол Айнӣ, олими ховаршинос.
Соли 1945 – Зодрӯзи Сарват Беҳбудӣ, коргардони сирк.
Соли 1947 – Мавлуди Ғаниҷон Абдусамадов, доктори илмҳои иқтисод, профессор.
Соли 1957 – Зодрӯзи Умари Шерхон, рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1960 – Мавлуди Қурбони Аламшоҳ, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.

Қурбони Аламшоҳ муассис ва нахустин масъули корхонаи чопи китоб дар Помир буда, зиёда аз ҳафтод номгӯй кутуби мухталифро ба чоп расондааст.
Инчунин яке аз муассисони нахустин рӯзномаи мустақил дар Тоҷикистон – “Фарҳанги Бадахшон” аст. Аз соли 1999 то моҳи июли 2010 ҳамкори бахши форсии радиои "BBC" дар ВМКБ буд. Муассиси Оҷонсии иттилоотии “Помир-Медиа”, навидномаи “Чатри симин”, рӯзномаи иттилоотӣ-таҳлилии умумиҷумҳуриявии “Помир” мебошад.
Қурбони Аламшоҳ дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Бадахшон тадқиқоти вижа низ анҷом додааст.
Соли 1961 – Мавлуди Содиқ Нуруллоев, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон.
Соли 1982 – Зодрӯзи Қобилҷон Хушвахтзода, академик, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ректори пешини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Қобилҷон Хушвахтзода, ки имрӯз роҳбарии Академияи улуми кишварро ба зимма дорад, дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, факултети баҳисобгирию иқтисодиро бо ихтисоси “Баҳисобгирии бахгалтерӣ, таҳлил ва аудит” хатм кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ дар факултети баҳисобгирию иқтисодии ин боргоҳи илм ба фаъолият пардохт ва аз муовини декан, мудири кафедра ва декани ин факулта то ба мақоми ректорӣ расид.
Аз соли 2019 Хушвахтзода декани факултаи моливӣ ва иқтисодии донишгоҳ ва аз моҳи январи соли 2020 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2024 дар ин мақом кор кард. Моҳи январи соли 2024 президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардид.
То чанд рӯз пеш, ӯ узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд ва ду рӯз пеш, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуд.
Қаблан, сомонаи “Диссернет”, як пойгоҳи санҷиши маводҳои илмӣ ӯро зимни навиштани рисолаи номзадӣ ба асардӯздӣ мутаҳҳам карда буд.
Хушвахтзода то ҳол дар бораи ин иттиҳомот изҳори назар накардааст.
Соли 2023 – Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Саттор Турсун яке аз нависандагони забардасти тоҷик буда, тавонистааст, ки дар адабиёт мавқеъи худро пайдо кунад ва мактаби эҷодияшро ба мерос монад. Ӯро бозёфти устод Мирзо Турсунзода ва Убайд Раҷаб медонанд, ки дар наср нигоҳи тоза дошт ва ҳар чизе, ки навишт, пайванд бо ҳаёти иҷтимоӣ буд.
Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад.
Вай миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои “Камони Рустам”, “Пайванд”, “Ситораи корвонкуш”, “Барф ҳам мегузарад”, “Се рӯзи як баҳор” маъруф аст.
Нависанда фаъолияти кории худро аз маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” оғоз намуд ва муддати 20 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публиcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунандаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кард.
Соли 1993 аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва солҳои 1994-1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои муҳити зист ва ташвиқи сиёсати масъулиятнок ҷиҳати ҳифзи табиат равона шудааст.

Ҳадафи он тарғиби шинохти масъулият барои пешгирӣ аз фишори афзояндаи инсон ба муҳити табиии Замин мебошад.
Ҳамчунин имрӯз, Рӯзи байналмилалии мубориза бо моҳидории ғайриқонунӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз соли 2017 бо қарори Маҷмаи Умумии СММ, пас аз таҳқиқоти густурдаи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи ин созмон, моҳидории ғайриқонунӣ монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди устувор ба ҳисоб меравад. Дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон, махсусан кишварҳои рӯ ба рушд моҳидорӣ на танҳо манбаи ғизо, балки қисми муҳими иқтисоди маҳаллӣ мебошад.

Барои танзими фаъолияти моҳидорӣ, соли 1995 FAO Кодекси рафтори масъулонаи моҳидориро қабул кард. Соли 2009 бошад, Созишномаи байналмилалии муқовимат бо моҳидории ғайриқонунӣ ба тасвиб расид, ки аз 5 июни соли 2016 ба таври расмӣ ба иҷро даромад.
5 июни соли 1981 аввалин маротиба дар ҷаҳон бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ба қайд гирифта шуд. Ин ҳолат дар Амрико буд. Дар ҳамин рӯз, муҳаққиқи Маркази назорати бемориҳои ИМА М. Готлиб вируси наверо тавсиф намуд, ки ба системаи масунияти инсон зарари шадид мерасонад.
Соли 1987 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ номи расмии “вируси норасоии масуният” (ВНМО)-ро барои он қабул намуд. Бо вуҷуди пешрафтҳо дар соҳаи тиб, то ҳол роҳи муолиҷаи пурраи ВНМО ёфт нашудааст.

5 июни соли 1783 дар шаҳри Аннонеи Фаронса нахустин парвози оммавии “шар” намоиш дода шуд. Ин ихтироъро бародарон Монголфе ба амал оварда буданд. “Шар” аз қоғази ғафс ва матои катонӣ сохта шуда, бо моддаи махсус коркард гардида буд.
Баландии он 15 метр ва ҳаҷмаш 2200 метри мукаабро ташкил медод ва дар маркази сабади он манбаи гармӣ – оташдон ҷойгир буд. Ин парвози озмоишӣ бе мусофир анҷом дода шуд.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 21+26º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, рӯзона 8+13º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста