ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 ИЮН

Соли 2007 – Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” қабул гардид. Ҳадаф аз қабули ин қонун баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ва аз байн бурдани хурофоту зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ дар ҷомеа муаррифӣ шуд.

Соли 2016 – Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох”-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ гардид.

Соли 2020 – Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми гирифтани “пора” боздошт шуд. Моҳи ноябри ҳамон сол ӯро ба 12 сол зиндон маҳкум карданд.

Соли 2020 – Зариф Абдуллоев, ки дар назди раёсати молияи шаҳри Кӯлоб худро оташ зада буд, вафот кард.

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо: қонун “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилоти бахши давлатӣ” имзо гузошт.

Соли 2022 – Муассисаи таълимии томактабии хусусии “Cherry Kid’S Academy”, воқеъ дар кӯчаи Туниси пойтахт ифтитоҳ ёфт.

Соли 2023 – Дар шаҳри Душанбе калонтарин масҷиди Тоҷикистон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ амири давлати Қатар расман ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1895 – Мавлуди Саид Нафисӣ, забоншинос, пажӯҳишгари адабиёти форсӣ, таърихнигор ва адиби эронӣ.

Соли 1948 – Зодрӯзи Мирзошо Ватаншоев, рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик.

Соли 1950 – Мавлуди Латофат Кенҷаева, шоир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

 

Латофат Кенҷаева

Латофат Кенҷаева дар замони истиқлол аз камтарин шоиронест, ки барои кӯдакон шеър менависад. Ҳамчунин, ӯ яке аз ноширонест, ки маҳз китобҳои кӯдакона нашр мекунад ва барои рушди адабиёти ин бахш саҳми босазо мегузорад. Ӯ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 500 номгӯ китоб бо шумораи 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба чоп расонидааст.

Латофат Кенҷаева баъди хатми шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар Кумитаи радио ва телевизион дар шуъбаи адабӣ-драмавӣ ва сиёсӣ оғоз кард.

Кенҷаева 34 сол сардабири моҳномаи машҳури “Машъал” (баъдан “Истиқбол”) буд. Соли 1996 дар назди маҷалла Ташкилоти кӯдакони соҳибистеъдоди ҷумҳуриро бо номи “Истиқбол” таъсис дод, ки он соли 2008 номи ТҶБ (ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ)-ро гирифт ва ҳоло раиси ин ташкилот аст.

Номбурда муаллифи маҷмӯаҳои “Лолаарӯсак”, “Таронаҳо”, “Марҷони ранга”, “Шарораи хотираҳо”, “Сандуқчаи марворид”, “Мусича ва Дурдона”, “Нома ба бародар”, “Гурбаи Сомон ва чўҷаи Ораш”,  “Афсонаи Тиллонур”, “Гаҳвораҷунбон”, “Садбарги ҳаё” ва як қатор китобҳои дигар аст. Инчунин дар тарҷумаи асарҳои адибони ҷаҳонӣ низ саҳм дорад.

Соли 1957 – Зодрӯзи Низомиддин Зоҳидов, шарқшинос, доктори илмҳои филологӣ, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон. Ҳоло ӯ сафири Тоҷикистон дар Эрон аст.

Соли 1970 – Мавлуди Ашӯрова Озодахон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 2016 – Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти Тоҷикистон дар 85-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Қаҳҳор Маҳкамов

Қаҳҳор Маҳкамов аввалин раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, ки муддати кӯтоҳ раҳбари кишвар буд ва дар талотумҳои сиёсии солҳои 90-ум аз сиёсат канор рафт. Дар ҳоле ки иддае ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97-ро яке аз меросҳои сиёсии ӯ медонанд, бархеи дигар инсони хоксоре мешуморанд, ки дар пайи андӯхтани сарват набудааст.

30-юми августи соли 1991 Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин президенти Тоҷикистон зери фишори вакилони порлумон ва мардуми гирдиҳамомада истеъфо дод.

Ӯ ҳамагӣ 9 моҳ пеш аз тарафи ҳамин вакилон ба мансаби президентӣ интихоб шуда буд. Маҳкамовро ба пуштибонӣ аз табаддулоти нокоми 19-уми августи ҳамон сол гунаҳкор карданд. Аммо соли 2014, пас аз 23 соли сукут, Маҳкамов қазияи истеъфояшро шарҳ дода, гуфта буд, “вақте коммунистҳо, коргарони худамон гуфтанд, ки Қаҳҳор Маҳкамов, акнун ба истеъфо равед, фикр кардам, бо ҳаминҳо кор мекунам? Бо ҳамин депутатҳо? Онҳое, ки ягонтаашон дар фикри ояндаи ҷумҳурӣ нестанд. Ҳама мехоҳанд, ман ба истеъфо раваму ягонтоашон президент шаванд. Папкаро гирифта, гуфтам: ман рафтам, лекин Шумо як рӯз аз кори кардаатон пушаймон мешавед.”

Қаҳҳор Маҳкамов солҳои охири умри худро дар бознишастагӣ гузаронд ва 16-уми июни соли 2016 дар 84-солагӣ дар Душанбе фавтид ва дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супорида шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Аз соли 1992 инҷониб ҳамасола 8-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии уқёнусҳо таҷлил мешавад. Пешниҳоди таъсиси ин рӯз дар ҳамоиши “Сайёра – Замин”, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия доир гардид, садо дода буд.

 


Уқёнусҳоро на танҳо хазинаи биологӣ, балки ҳамчун “шуш”-и сайёра низ мешиносанд, зеро онҳо қисми зиёди оксигени заруриро барои нафаскашии мавҷудоти зинда тавлид мекунанд.

Рӯзи 8-уми июни соли 1869 ихтироъкори амрикоӣ Айвз Макаффни аввалин чангкашакро дар ҷаҳон бо номи “Whirlwind” (ба маънои “Гирдбод”) ба номи худ патент кард. Ин дастгоҳ шакли фишурда ва сабук дошт, аммо истифодааш заҳматталаб буд, зеро корбар бояд ҳамзамон дастакро чарх ва тела медод.

Макаффни ширкате бо номи American Carpet Cleaning Company таъсис дод ва ин чангкашакҳоро бо нархи 25 доллари онзамона ба фурӯш баровард, ки дар он давра маблағи калон ба шумор мерафт. Аз ин навъи дастгоҳ то имрӯз танҳо ду нусха боқӣ мондаанд, ки яке аз онҳо дар маркази таърихии ширкат ба намоиш гузошта шудааст.

8-уми июни соли 1946 дар шаҳри Копенгагени Дания Созмони байналмилалии рӯзноманигорон таъсис ёфт. Дар анҷумани таъсисёбӣ намояндагони 21 кишвари эътилофи зиддигитлерӣ ширкат доштанд.

 


Ҳадафи асосии созмон ҳифзи сулҳ, тақвияти дӯстии байналмилалӣ ва ҳамкорӣ миёни миллатҳо тавассути иттилооти дуруст, воқеъбинона ва одилона буд. Созмон бар зидди таблиғоти ҷанг, фашизм, нажодпарастӣ ва низоъҳои миллӣ мубориза мебурд.

Аъзои он ӯҳдадор мешуданд, ки озодии матбуот ва ҳуқуқҳои касбии рӯзноманигоронро аз зӯроварии монополияҳо ва гурӯҳҳои молиявӣ муҳофизат намуда, бо иттилооти бардурӯғ ва кизбу туҳмат мубориза баранд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 14+19º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва хокбориш ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Дар минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, хокбориш ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.