ЧОРАБИНИҲОИ 9-УМИ ИЮН

- Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов нахустнамоиши намоишномаи “Ман дар ёд дорам” баргузор мегардад. Ин намоишнома аз рӯйи асари Чингиз Айтматов бо коргардонии Бекпулат Парманов рӯйи саҳна омадааст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 ИЮН

Соли 2007 – Мутахассисони чинӣ ба сохтмони зеристгоҳи “Лолазор-Хатлон” шурӯъ намуданд.

Соли 2009 – Суди Олии Тоҷикистон 31 нафарро бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла дуздӣ, қаллобӣ ва узвият дар гурӯҳи ҷиноятӣ, ба муҳлатҳои аз 10 то 25 сол маҳкум кард.  Ин парванда бо номи “парвандаи исфарагиҳо” маъруф аст ва чеҳраи асосӣ дар он соҳибкори шинохта Низомхон Ҷӯраев дониста мешавад. 

Соли 2011 – Маҷлиси Миллӣ забони русиро, ба унвони забони муоширати байни миллатҳо дубора ба умури таҳияи қонунҳо ворид кард.

Соли 2015 – Дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 оғоз ёфт.

Соли 2016 – Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон лоиҳаи тағйирот ба Кодекси андозро равон кард, ки пешниҳод мешуд, андози арзиши иловашуда (ААИ) барои клиникаҳои хусусии тиббӣ аз 18% то 5% кам карда шавад.

Соли 2020 – Ширкати “Обу корези Душанбе” бо Бонки Осиёии Рушд барои беҳтарсозии обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе ба маблағи 41 миллион доллар қарордод имзо кард. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1906 – Мавлуди Ҷӯрабой Бобоев, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шуравӣ.

Соли 1933 – Пайрав Сулаймонӣ, шоир, адиб, нависанда ва тарҷумони тоҷик дар 34-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Пайрав Сулаймонӣ

Пайрав Сулаймонӣ бо мероси гаронбаҳои адабии худ дар таърихи адабиёти тоҷик нақши беназир дорад. Ӯ, ки аз 15-солагӣ шеър мегуфтааст, минбаъд бо сурудани шеъри суннатӣ (ғазал), ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ дар қатори беҳтарин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст.

Ӯ солҳои 1921-1922 дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум буда, баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Ҳамчунин солҳо дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир ва тарҷумон будааст.

Ашъори Пайрав Сулаймонӣ ҳамнабзи замон буда, дар онҳо ҷараёни парвозу сукути ҳаёти ҷорӣ барҷаста таҷассум ёфтаанд. Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир бошанд таҳти имзои мустаори “Шашпардор” интишор ёфтаанд. “Муфаттиш”-и Н. В. Гогол, романҳои А. Серафимович “Сели оҳанин”, Д. Фурманов ва С. Поливанов “Балво”, чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз ҷониби Пайрав Сулаймонӣ ба тоҷикӣ гардонда шудаанд.

Пайрав Сулаймонӣ аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Ӯ 9 июни соли 1933 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) аз олам даргузашт.

Соли 1950 – Мавлуди Акбар Абдулло, шоири тоҷик.

Соли 1963 – Зодрӯзи Сангалӣ Мирзоев, овозхон.

Соли 1966 – Мавлуди Мирзо Ҳасани Султон, олим, забоншинос, мутарҷим ва шоири тоҷик.

Соли 1977 – Зодрӯзи Абдухалил Ғафурзода, ректори пешини Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳар сол 9-уми июн Рӯзи байналмилалии бойгонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба хотири таъсиси Шӯрои байналмилалии бойгонӣ дар соли 1948 зери сарпарастии ЮНЕСКО интихоб шудааст. Шӯрои мазкур зиёда аз 1500 узв аз беш аз 190 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад.

 


Имрӯз Рӯзи байналмилалии иҷозатнома (аккредитатсия) таҷлил мешавад. Ин рӯз 9 июни соли 2008 бо ташаббуси ду созмони байналмилалӣ – ILAC ва IAF таъсис ёфтааст.

 


9-уми июни соли 1935 дар Иттиҳоди Шуравӣ қонуне қабул шуд, ки тибқи он фирор ба хориҷа ҷиноят эълон гардида, ҳатто хешовандони фирорӣ низ ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд.

 


Дар ин давра, кишоварзоне, ки шиноснома надоштанд, ҳаққи тарки маҳалли истиқоматро надоштанд. Бисёре аз одамон бо кӯмаки қочоқчиён ба Олмон ва баъдан ба Амрико мегурехтанд. Танҳо баъди марги Сталин ва махсусан пас аз соли 1990 бо қабули Қонун “Дар бораи вуруд ва хуруҷ”, ин маҳдудиятҳо бекор карда шуданд.

9 июни соли 1945 медали “Барои ишғоли Берлин” таъсис дода шуд. Он ба сарбозон ва афсарони Артиши Сурх, Флоти ҳарбӣ, ки дар муҳорибаи Берлин иштирок доштанд, дода мешуд. Ба он ҷоиза, шаҳодатномаи тасдиқкунанда зам мешуд. Ҳудуди 1,1 миллион нафар бо ин медал сарфароз гардиданд.

9-уми июн ҳамчунин Рӯзи байналмилалии дӯстӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи ғайрирасмӣ ба хотири тарғиби дӯстӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, қадршиносӣ ва бунёди муносибатҳои солим таъсис ёфтааст.

 


ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 ИЮНИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 19+24º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва хокбориш ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои  тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Дар минтақаҳои шарқӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 31+33º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, рӯзона 11+16º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.