Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз бозистии чандинсола бо дастгирии вазорати кишвоарзии ҷумҳурӣ фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хонаи занбӯри асал дар назди КВД «Асали Тоҷикистон» дубора барқарор гардид .
Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд,
феълан дар ин коргоҳ аллакай 600 кило хонаи занбӯри асал тайёр карда шудааст, ки барои таъмини занбӯрисалпарварони кишвар басанда мебошад. «Тайи чанд соли ахир хонаи занбӯри асал аз кишварҳои ҳамсоя дастрас мегардид», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки соли равон вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ният дорад, 550 оилаи занбӯри асал харидорӣ намояд. «Соли равон ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард, вале бинобар бӯҳрони молӣ шояд он камтар карда шавад», - афзуд манбаъ.
Тибқи иттилои сарчашма, айни замон дар ҷумҳурӣ 134,5 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 16 ҳазор оила бештар мебошад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста