Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нишасти хабарӣ сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони молӣ, ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боз ба Русия хоҳанд баргашт.
Номбурда гуфт, тибқи маълумоти дар даст доштаи онҳо, 90-95 дарсад аз шумори умумии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик айни замон дар Русия қарор доранд ва қисми асосии муҳоҷирон, ки ба ватан баргашта буданд, аллакай ба Русия баргашта, соҳиби ҷойи корӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Ф.Саидов, мувофиқи пешгӯӣҳои Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо, соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба ватан ба андозаи 50 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки он ба имконоти харидории аҳолӣ, низоми бонкӣ, буҷа ва гардиши мол дар ҷумҳурӣ бетаъсир нахоҳад буд.
Дар мавриди мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ коршинос ба сатҳи тахассусӣ ва маълумоти ғайриқаноатбахши муҳоҷирон ишора карда, гуфт, тайи 20 соли ахир низоми маълумоти касбии кишвар таҷдиди назар нашудааст ва бо назардошти рақобатпазирии шадид дар бозори меҳнат, он ба муҳоҷирати меҳнатӣ таъсири манфӣ мерасонад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста