Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди шарҳи нуктаи паёми президенти Тоҷикистон перомуни дар зарфи 4 сол ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки бо назардошти вазъи иқтисоди дохилӣ ва камбуди маблағ дар миқёси ҷаҳон, қонеъ сохтани талаботи кишвар ба нерӯи барқ ҳатто баъди гузаштаи 10 сол низ ғайриимкон аст. «Ҳарчанд ояндаи наздик нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва сипас «Сантӯда-2» низ мавриди истифода қарор гиранд ҳам, вазъи мавҷуда ба куллӣ дигаргун нахоҳад шуд, - гуфт ӯ. – Бо назардошти имконоти кишвар ва ҷой доштани мушкилот дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ сохтмони нерӯгоҳҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун дар 5-10 соли наздик номумкин аст».
Ҳ.Умаров мӯътақид аст, ки дар шароити кунунӣ Тоҷикистонро зарур аст, ба бунёди нерӯгоҳҳои хурд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир созад, зеро онҳо маблағи зиёдеро тақозо надошта, инчунин дар муддати кӯтоҳ хароҷоташонро мебароранд. «Ба ҳукумат зарур аст, ки барномаи рушди энергетикаи хурдро қабул намуда, дар кишвар корхонаи истеҳсоли агрегатҳо барои нерӯгоҳҳои хурдро бунёд созад», -гуфт ӯ.
Профессор дар муддати се сол бо гази худӣ таъмин гардидани кишварро низ зери шубҳа мегузорад ва мегӯяд, ду ширкати бузург – Зарубежнефтегаз» ва «Тетис-Петролиум», ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба корҳои ҷустуҷӯву иктишофи конҳои газ машғуланд, то ҳанӯз маълумоти мушаххасеро дар ин хусус гуфта наметавонанд «Чун маълумоти мушаххас мавҷуд нест, пас алҳол наметавон дар бораи пурра бо гази худӣ таъмин гардидани ҷумҳурӣ ҳарф зад», афзуд Ҳ.Умаров.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста