Душанбе. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои 19-21-уми апрел дар шаҳри Алмаато таҳти унвони «Асноди байнулмилалии қонунгузорӣ дар бахши захоири обӣ ва баргузории гуфтушунид оид ба имзорасии созишномаҳои мутақобилан судманд дар масъалаи истифодаи об» семинар доир мегардад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази минтақавии дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳамдастӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо созмон дода мешавад.
Тибқи иттилои Маркази минтақавии дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ, чорабинии мазкур мансабдорони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва коршиносони байнулмилалии ин соҳаро гирди ҳам меорад.
Гуфта мешавад, иштирокдорони семинар оид ба қонуну асноди меъёрии мавҷуда дар соҳаи истифодаи захоири обӣ табодули афкор намуда, аз таҷрибаи пешқадами ҳалли мушкилоти ин соҳа дар сатҳи байнулмилалӣ ва истифодаи пурсамари он натиҷагирӣ хоҳанд кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста