Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёту фаъолияти Имоми Аъзам конфронс доир сохт. Дар суханронии худ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки ташаббуси сарвари давлатро пуштибонӣ намуда, дар чорабиниҳои бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам фаъолона ширкат варзанд.
Дар ҳамин ҳол, чанде аз фаъолони ҳизб дар робита ба баргузории чорабиниҳои давлатӣ бахшида ба ин ҷашн изҳори норозигӣ карданд.
Дар маърӯзаи худ раиси бахши фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Абдувоҳид Шамолов аъзои ҳизбро ба таҳаммулпазирӣ даъват карда, изҳор дошт, дар ин росто мебояд муколамаро бо ҳукуматдорон идома дод.
Қобили зикр аст, ки намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои мусулмони муқими Тоҷикистон низ ба конфронс даъват шуда буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста