Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани (қурултойи) хурди қазоқони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон ба кор шурӯъ кард.
Чӣ тавре ки аз сафорати Қазоқистон дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, анҷумани мазкур аз ҷониби сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии қазоқони «Байтерек» созмон дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, чунин чорабинӣ бори нахуст дар қаламрави кишвари Осиёи Марказӣ доир гардида, дар кори он намояндагони дисапораҳои қазоқ аз кишварҳои минтақа ва Эрону Афғонистон иштирок хоҳанд кард. «Ҳайати Қазоқистонро муовини аввали раиси Иттиҳодияи умумиҷаҳонии қазоқон Талгат Мамашев роҳбарӣ мекунад», - гуфт манбаъ.
Фардо, 21-уми апрел дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳои анҷуман дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки намояндагони сохтори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони васоити ахбори умум мизи мудаввар созмон дода мешавад. «Ғайр аз ин, пагоҳ Т.Мамашев бо намояндагони диаспораи қазоқон дар шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот хоҳад орост.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста