Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари кории дурӯза ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таҳти сарварии Дабири кулли он – Дэвид Хоббс ба шаҳри Душанбе меояд.
Чӣ тавре ки аз Вазорати умури хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди ҳайат бо мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, раисони палатаҳои парлумон, роҳбарони вазорату идораҳо дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар дидору гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, масоили марбут ба истифодаи захоири обиву энергетикӣ, таъмини волияти қонун, дифоъ аз ҳуқуқи инсон, мушкилоти мавҷудаи ҳамкорӣ ва амнияти минтақавӣ, таҳкими марз, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста