Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Мақомоти раҳбарии ширкати эронии
«
Собир Инернейшнл», ки айни замон дар ҷумҳурӣ ба сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон –Зиғар машғул аст, ҷой доштани далелҳои поймол кардани ҳуқуқ аз рӯи нишонаҳои миллиро комилан рад месозад.
Тавре менеҷери марҳилаи дуввуми лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар аз ҷониби пудратчӣ Доварӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, воқеан ҳам дар сохтмони роҳ дар қатори эрониён тоҷикону афғонҳо низ кор мекунанд, вале муносибат бо ҳама як хел аст ва иттилои дар ҳафтаномаи «Фараж» интишоргардида ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.
«Мо бо сардабири ин рӯзнома мулоқот оростем ва ӯ пас аз воқиф гаштан бо вазъ, барои интишори иттилоии носаҳеҳ аз мо узр пурсид, - идома дод ӯ. – Мо рӯзноманигоронро ба маҳали сохтмон даъват кардем ва онҳо ин даъватро бо хушнудӣ пазируфтанд».
Дар мавриди нисбат ба эрониён ба тоҷикону афғонҳо пардохтани музди меҳнати камтар, номбурда гуфт, ин тартиби маъмулӣ аст ва дар саросари ҷаҳон аз он кор мегиранд. «Дар Эрон низ аксари ширкатҳои хориҷӣ ба ҳамватанони худ нисбат ба мардуми маҳаллӣ маоши бештаре муқаррар месозанд», - гуфт ӯ.
Оқои Доварӣ афзуд, феълан музди меҳнати коргарон дар сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар аз 1,4 то 2,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста