Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик унвонии президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов нома ирсол дошта, дар он мавқеи Бонки ҷаҳониро дар мавриди идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баён кардааст.

            Тибқи иттилои сомонаи расмии президенти Ӯзбекситон – www . prezident . uz , Бонки ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки масъалаи истифодаи захоири обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим буда, дурнамои рушди минбаъдаи кишварҳои минтақа ба роҳандозии ҳамкории пурсамари минтақавӣ ва эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои миллии стратегии ҳамаи давлатҳо вобаста аст.  

Тибқи иттилои радиои Озодӣ , о қои Зеллик навиштааст, ки бо нигаронии Ӯзбакистон дар мавриди мувозинати осебпазирии эколог ӣ дар минтақа ва зарурати таъмини ин замонат, ки истифода аз зарфиятҳои гидроэнергетик ӣ боиси коҳиши ҷ араёни об барои кишварҳои поёноб нахоҳад шуд, ҳамфикр аст. Зеелик навиштааст, Бонки ҷ аҳон ӣ дар робита ба нер ӯ гоҳи Роғун танҳо ҷ иҳати ан ҷ оми ом ӯ зиши муқаддамотии тарҳи мазкур тааҳҳуд супурда, ба вижа ба арзёбии пайомадҳои минтақавии ин тарҳ таъкид мекунад. Раҳбари Бонки ҷ аҳон ӣ гуфтааст, ин ниҳод ба манзури ом ӯ зиши тарҳи нер ӯ гоҳи Роғун як ҳайъати байнулмилалии иборат аз коршиносони мустақилро таъсис хоҳад дод.

«Бонки ҷаҳонӣ дар тадқиқоти худ оид ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун манфиати кишварҳои поёноб ва таъмини ҳаҷми зарурии ҷоришавии об дар рӯдхонаҳои фаромарзиро ба эътибор хоҳад гирифт», - гуфта шудааст дар нома.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта муовини сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ба баргузории ташхиси байнулмилалии тарҳи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун омода аст. Тибқи маълумоти Вазорати энегетика ва саноати Тоҷикистон, ҳукумати ҷумҳурӣ ба корҳои идомаи сохтмони нерӯгоҳи мазкур суръат бахшида, соли равон аз буҷа бо ин мақсад 150 млн. $ маблағ ҷудо кардааст.