Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - «Беқурбшавии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар шароити бӯҳрон раванди ногузир аст ва мебояд ба он оромона муносибат кард», - изҳор дошт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси масоили низоми бонкдорӣ Ҷамшед Раҳмонбердиев.
Номбурда гуфт, ин марҳилаи дуввуми беқурбшавии асъори миллӣ нисбат ба асъори захиравии ҷаҳонӣ аст ва дар марҳилаи аввал он то андозаи 10 дарсад поин рафта буд. «БМТ дар чунин шароит аз рӯи нақша қурби сомониро нисбат ба асъори миллии шарикони асосии мо – Русияву Қазоқистон танзим месозад, то ки молҳои ватанӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ рақобатпазир бошанд», - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, заъиф шудани асъори миллӣ хароҷоти истеҳсолкунандагони ватаниро ба қувваи корӣ камтар месозад, вале сарфи назар аз он, оқибатҳои беқурбшавии асъори миллӣ ба иқтисоди кишвар ва музди меҳнати аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, имконоти харидории аҳолӣ бамаротиб поин меравад.
Ҷ.Раҳмонбердиев болоравии арзиши чанде аз маҳсулоти истеҳсоли ватаниро бар асари беқурбшавии асъори миллӣ аз эҳтимол дур намедонад.
Коршинос афзуд, рӯзҳои ахир оид ба беҳбуди вазъ дар ИМА хабарҳои аввалин интишор гардиданд ва агар ояндаи наздик вазъи иқтисодиву молиявии ҷаҳон усутвор гардад, пас аз ду-се сол вазъи Тоҷикистон низ рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста