Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл кори агрегати чаҳоруму охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» санҷида шуд.
Чӣ тавре ки аз ҶСК «Нерӯгоҳи
«
Сангтӯда-1» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, интизор меравад, ки рӯзи 15-уми май нерӯгоҳ пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон кор дар иншоот бидуни таваққуф шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари корҳои насб толори асосии мошинӣ ва сарбанд муҷаҳҳаз ва ба тартиб оварда мешавад. «Бо назардошти он, ки қисмате аз коргарони нерӯгоҳ аллакай дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба фаъолият ҷалб шуданд, феълан коргарони боқимонда бо заҳмати дучанд кор мекунанд», - афзуд манбаъ.
Маълумотнома:
Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон бунёд мегардад, лоиҳаи муштаракаи Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста