Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти мақомоти раҳбарии ҶСК «Агроинвестбонк» бо менеҷери лоиҳавии Бонки рушди Олмон (KfW Development Bank) Моника Гюдзнер ва намояндаи ин бонк Силке Хермес баргузор шуд.
Чӣ
тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, мулоқоти мазкур бо мақсади шиносоии намояндагони бонки хориҷӣ бо фаъолияти бонк ва мусоидати онҳо ба таъсиси созмони нахустини апексии микродепозитии «Боварӣ» барои таъмини созмонҳои қарздиҳии хурд бо маблағ созмон дода шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, раиси»Агронвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов изҳор доштааст, ки баҳри дастгирии суръати баланди афзоиши бахши қарздиҳии хурд, ки бевосита ба коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ нигаронида шудааст, тасмим гирфта шуд, созмони нахустини апексии микродепозитии «Боварӣ ва ҳамкорӣ» таъсис дода шавад.
Дар навбати худ Моника Гюндзнер гуфтааст, дар марҳилаи аввал бонк ният дорад, баҳри амалисозии ин мақсад 4,5 млн. Евро маблағ ҷудо созад, ки қисмате аз онҳо чун сармоя ва воситаҳои молиявии созмони «Боварӣ ва ҳамкорӣ» истифода хоҳанд шуд. «Дар марҳилаи дуввум роҳандозии робитаҳои зич бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар соҳаи қарздиҳии хурд ба нақша гирифта шудааст», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста