Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс - Мутахассисон тайёрии муассисаҳои фарҳангро дар шароити бўҳрони молиявӣ муҳокима карданд.
Аз 4 то 8 май дар Китобхонаи давлатии патентӣ-техникӣ бо ташаббус ва дастгирии молиявии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар мавзўи «Системаи идоракунии маркетингии муассисаҳои фарҳанг» семинар баргузор гардид.
Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози барнома Гуландом Набиева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори семинар мутахассисони пешбари Вазорати фарҳанги ҶТ, Раёсатҳои фарҳанги шаҳрҳои Кўлоб, Қўрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи фарҳанг ва ҳунар, мутахассисони китобхонаҳо ва донишҷўёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода иштирок карданд. Сессияи тренингиро фарҳангшиносони Академияи давлатии фарҳанг ва санъати Челябинск Устимчик М.В.- мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи санъат. Номзади илми таърих, дотсент ва Штихван В.Н. - мудири шӯъбаи маркетинги китобхонаи илмӣ- универсалии Челябинск баргузор намуд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои асосҳои маркетингии фаъолияти муассисаҳои фарҳанг,
комплекси маркетинг дар китобхона,
дараҷаи таҳлили илмии проблемаҳои татбиқи маркетинг дар соҳаи фарҳанг, ҷанбаҳои маркетингии фаъолияти бозори фарҳанг ва хусусиятҳои раванди идоракунии маркетингии муассисаҳои фарҳанг баррасӣ карда шуданд.
Мақсади лоиҳа – ба кормандони соҳаи фарҳанг омўзондани хусусиятҳои идоракунии маркетингӣ дар риштаи иҷтимоию фарҳангӣ, ҳалли оқилонаи проблемаҳо, усулҳои пешгўикунӣ, арзёбии натиҷаҳои меҳнат дар идоракунӣ, хусусиятҳои идоракунии кормандон ва муваффақиятнокии идоракунӣ мебошад.
Лоиҳа аз сабаби ба вуҷуд омадани зарурати тайёркунии муассисаҳои фарҳанг ба кор дар шароити бўҳрони моливии ҷаҳонӣ ташкил карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста