Душанбе. 9-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ба ифтихори солгарди 64 - уми ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид.
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаи ҷумҳуриявии 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи
Ғалабаи пойтахт ташриф овард.
Ба муносибати
ин санаи фархунда дар ин ҷо шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарияти давлату ҳукумат, корпуси дипломатӣ ва аҳли ҷамоатчигии
пойтахт ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қушӯнҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ба таври идона саф ороста буданд.
Баъди маросими истиқболу
пазироӣ митинги тантанавии бахшида ба рӯзи Ғалаба кушода эълон гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо солгарди 64-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфт ва ба кулли онҳое,
ки
баҳри таъмини ғалабаи бузург дар майдонҳои муҳориба ва ҳам дар ақибгоҳ заҳмату фидокориҳои беназир нишон додаанд, арзи сипос намуд.
Сипас барои арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонону фидоиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди гулхани ҷовидонӣ оғоз гашт.
Нахуст Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни
Ҷанги Бузурги Ватанӣ
дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта,
хотираи онҳоро пос дошт.
Гулчанбарҳо ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, аз номи сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ҷавонони мамлакат, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва
сафорату пойгоҳи низомии 201-уми
Федератсияи Россия дар Тоҷикистон гузошта шуданд.
Хотираи
неки
қурбониёни
Ҷанги
Бузурги
Ватании
солҳои
1941-1945
ҳамчунин
бо
дақиқаи
хомӯшӣ
пос
дошта
шуд
.
Дар охир Сарвари давлат бо собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамчунин аз наздик сӯҳбат намуда, аз аҳволи рӯзгорашон пурсон шуд.
Собиқадорони ҷангу меҳнат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхориҳои беназир ва сиёсати бунёдкоронаву созандагиаш изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста