Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (
IFC
) барои бунёди меҳмонхонаи «Серена» дар Душанбе ба ширкати Tourism Promotion Services Tajikistan
7 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.
Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар меҳмонхона барои аҳолии маҳаллӣ 135 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, пардохтҳои андоз ба буҷа ҳудуди 1 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳанд дод. Меҳмонхонаи «Серена» дуввумин меҳмонхонаи сатҳи байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе буда, аз 85 утоқи истиқомат ва 10 апартамент иборат хоҳад буд. «Барои бунёди дафтарҳои корӣ ва нуқтаҳои фурӯш 1,6 ҳазор метри мураббаъи майдони сохтмони меҳмонхона ҷудо карда шудааст», - гуфт манбаъ.
Тибқи маълумоти
IFC
, шумори сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, аз 700 нафари соли 1997 то 62 ҳазор нафар дар соли 2007 афзудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста