Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз тибқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва
ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шуд.
Тибқи фармон, фаъолияти
филиали
Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи
Россия амалӣ карда шуда, қабули
довталабон
ва аттестатсияи хатмкунандагони
филиали
Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе тибқи талабот, тартиб ва мӯҳлати аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Москва
ба номи М.В.Ломоносов муқарраргардида ба роҳ монда мешавад.
Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
супориш дода шуд, ки якҷоя
бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар давоми як моҳ
масъалаҳои ташкилию
ҳуқуқии
филиали Донишгоҳи давлатии Москва
ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанберо ҳал намоянд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ӯҳдадор гардид, ки аз соли таҳсили 2009-2010 шурӯъ намуда, маблағгузории филиали Донишгоҳи давлатии Москва
ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанберо
аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин намояд.
Вазорати
корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззав гардиданд, ки бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омӯзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи
филиали
Донишгоҳи давлатии Москва
ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе даъват мешаванд, таъмин намоянд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста