Бино ба иттилои манбаъ, аз 1-уми ноябри соли 2008 то 1-уми майи соли ҷорӣ аз Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ 1,072 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ворид шудааст. Тибқи қарордоди соли 2007 миёни Тоҷикистону Туркманистон, Туркманистон ӯҳдадор шуд, ки то соли 2012 дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад, вале бо сабабҳои маълум интиқоли он дар моҳҳои-ноябр-декабри соли гузашта 400 млн. кВт/соатро ташкил дода, интиқоли минбаъдаи он танҳо 27-уми феврали соли ҷорӣ барқарор гардид.
Дар ҳамин ҳол, аз 27-уми феврал то 1-уми май ба Тоҷикистон 251 млн. кВт/соат нерӯи барқи Ӯзбекистон интиқол дода шудааст, ки тибқи қарордод, он бояд 300 млн. кВт/соатро ташкил медод. «Акнун Ӯзбекистон 50 млн. кВт/соат қарзи боқимондаашро бояд тирамоҳ ба Тоҷикистон баргардонад», - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон аз 1-уми май интиқоли нерӯи барқ ба Қазоқистонро оғоз намуд. «Дар мавсими зимистон мо аз Қазоқистон 88 млн. кВт/соат нерӯи барқ гирифта будем ва шурӯъ аз 1-уми май ҷиҳати ҳисоббаробарӣ кардани қарз ба ин кишвар ҳамарӯза 5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медиҳем», - афзуд манбаъ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста