Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пешорӯи таҷлили ҷашни 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷумҳурӣ таҳти шиори «Ман дар хотир дораму ифтихормандам» аксияи «Лентаи Георгиевӣ» шурӯъ гардид.
Яке за ташаббусорони аксия, роҳбари гурӯҳи телевизионии пойгоҳи низомии Русия майор Рафаэл Усмонов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки чанде қабл тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон 2 ҳазор «лентаҳои георгиевӣ» оварда шуда, он дар муддати ду рӯз ба сокинони пойтахти Тоҷикистон тақсим карда мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли равон аз номи президенти Тоҷикистон ба собиқадорони ҷанг, ки қариб 2 ҳазор нафаранд, ба маблағи 350 сомонӣ ба ҳар кадоме кӯмак расонида мешавад. Раиси шаҳри Душанбе низ ба собиқадорони ҷанги пойтахт
ба ҳамин миқдор маблағ кӯмакпулӣ ҷудо кард. Иқдомоти мазкур аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву ташкилот ва шахсони алоҳида низ дастгирӣ хоҳад ёфт.
Қобили зикр аст, ки дар ҶБВ 280 ҳазор нафар намояндагони Тоҷикистон иштирок карда, аз ин миқдор ҳар чаҳорум нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд. 55 нафар тоҷикистониён ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста