Кӯлоб. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 11-и ҷамоати Зарбдори ноҳияи Кӯлоб, ки номи ҷанговари интернатсионалист Ёдгор Давлатовро дорад, вохӯрии ҳамсафони ӯ ва волидайнаш бо толибилмони синфҳои болоии ин мактаб баргузор мешавад.

            Чӣ тавре ки раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти шаҳр ва минтақаи Кӯлоб Рустам Абдуқаюмов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, мулоқот дар чаҳорчӯбаи чорабинии анъанавии Ҳафтаи ёдбуд доир мегардад. Номбурда гуфт, Ёдгор Давлатов дар муддати кӯтоҳи хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон бо ордени «Ситораи сурх» ва медали «Барои шуҷоат» сарфароз гардонида шуда, дар яке аз муҳорибаҳои шадид ба ҳалокат мерасад.

            Ба гуфтаи Р.Абдуқаюмов, имрӯз ҷанговарони интернатсионалист ҳамчунин аз 3 мактаби дигар, ки ба исми ҷанговарони интернатсионалисти фавтида номгузорӣ шудаанд, низ боздид хоҳанд кард. «Мо оромгоҳи онҳоро низ зиёрат намуда, гирду атрофи қабрашонро ба тартиб хоҳем овард», - гуфт ӯ.

            Тибқи маълумоти Р.Абдуқаюмов, айни замон дар минтақаи Кӯлоб ҳудуди 1300 нафар ҷанговарони интернатсионалист ба сар мебарад. Ҳангоми муҳорибаҳо дар Афғонистон 7 нафар зодагони Кӯлоб ҷони худро аз даст дода, 18 нафари дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар давоми 20 соли пас аз ҷанг фавтидааанд.