Дар ноҳияи Панҷ ба фаъолияти гурӯҳи қочоқбари фаромиллӣ хотима дода шуда, беш аз 31 кило маводи мухаддир мусодира гардид
13:10, 4 май, 2009Муаллиф: ÐÐ°Ñ€Ð³Ð¸Ñ Ò²Ð°Ð¼Ñ€Ð¾Ð±Ð¾ÐµÐ²Ð°
Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ноҳияи наздисарҳадии Панҷ ба фаъолияти гурӯҳи қочоқбари фаромиллӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буд, хотима дода шуд.
Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, рӯзи 1-уми май дар ноҳияи Панҷ автомашинаи навъи «Volkswagen Passat»-и ба сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ - Маҳмуд Шарифов таллуқдошта боздошт гардида, аз дохили он 31 килову
437 грамм
маводи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд. «Зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии минбаъда ба гумони даст доштан дар ин амал шаҳрванди Афғонистон Исломуддин валади Хоҷабой ва шаҳрванди Туркия Убайдулло Чақар низ боздошт шуданд», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки гузашта аз ин, чанде баъдтар дар манзили истиқоматии М.Шарифов туфангчаи навъи «ТТ» низ дарёфт шудааст.
Аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста