Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ 12 нафар шаҳрванди тоҷик боздошт гардид.
Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти қудратии кишвар, рӯзи 1-уми май ду оилаи тоҷикистониён аз ноҳияи Ашт тавассути ноҳияи Шӯрообод вориди Афғонистон мешаванд. «Онҳо 14 нафар будаанд, вале ба ду нафар муяссар мешавад, ки аз пулиси афғон пинҳон шаванд», - гуфт манбаъ.
Дар сомонаи Афганистан.ру гуфта мешавад, миёни боздоштшудагон се нафар зан ва се нафар кӯдакон ҳузур дошта, боқимонда мардони калонсол мебошанд. «Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик боздоштшудагон ҷиҳати бозпурсӣ ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Файзобод мунтақил хоҳанд шуд», - омадааст дар иттилои сомона.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста