Душанбе. 2-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Маскав рӯзи 29-уми апрел дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи имиҷии «Пешвоёни асри
XXI
» маросими супурдани ҷоизаҳои байнулмилалӣ баргузор шуд.
Чӣ тавре ки роҳбари медиа холдинги «
Tajinfo
» Муҳаммади Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар маросими тантанавӣ барои саҳми арзанда дар рушди зеҳнии ҷомеа ва комёбиҳои намоёни касбӣ ба рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, сардабири рӯзномаи «Вароруд», публитсист ва нависанда Бобоҷон Икромов ҷоизаи «Хиради миллат» супурда шуд.
Зимни супурдани ҷоиза зикр гардид, ки Бобоҷон Икромов дар рушди журналистикаи тоҷик, ташкили муҳити озодии баён ва фаъолияти матбуоти озод, ки нишонаҳои асосии ҷомеаи демократӣ мебошанд, саҳми арзанда дорад. Дар замони ифои вазифа ба ҳайси раиси Кумитаи телевизиону радиои ҶТ Б.Икромов бевосита дар раванди истиқрори сулҳ ва расидан ба ваҳдати миллӣ, инъикоси воқеъбинонаи муколамаи тоҷикон, ба ватан баргаштани гурезаҳо ва роҳандозии ҳаёти созанда дар ҷумҳурӣ нақши муҳим бозидааст», - афзуд Д.Эгамзод.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста