Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мулоқоти вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров бо сармушовири пулиси Дабири кулли САҲА Кевин Карти масъалаи барои пулиси Афғонистон дар маркази омӯзишии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тайёр кардани мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чӣ тавре ки аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҷонибҳо ҷараёни амалсиозии лоиҳаи муштараки «Курси омӯзишӣ барои афсарони пулиси афғон оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухадддир»-ро муафссал баррасӣ намуданд. «Тибқи чорабиниҳои лоиҳа, моҳҳои июл-августи соли ҷорӣ дар марказҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба омӯзиш фаро гирифтани 40 корманди пулиси бахши мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон ба нақша гирифта шуда, машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони Академияи ВКД ва коршиносони Агентии мубориза бо маводи нашъаовар гузаронида мешаванд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои сарчашма, иштирокдорони мулоқот инчунин атрофи дигар масоили мавҷудаи ҳамкории миёни Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ низ табодули афкор карданд.
Кевин Карт бо сафари дурӯзаи корӣ рӯзи 28-уми апрел ба Тоҷикистон ташриф овард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста