Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Бо пешниҳоди Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии роҳбарони комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузории марзи байни кишварҳо - котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов баргузор мешавад.
Чӣ тавре ки аз департмаенти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мулоқот бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳо доир гардида, дар он ба ҷуз масъалаи идомаи фаъолияти комиссияи кишварҳо оид ба аломатгузории марзҳо дар чаҳор қитъаи боқимонда, инчунин масоили тезонидани корҳо дар самти мувофиқасозӣ ва имзои созишномаҳо дар бораи ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо, воридоти гази табиии кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурии мо ва ифтитоҳи хатсайрҳои дуҷонибаи мусофирбари нақлиёти заминӣ низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста