Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Маскав вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар кори машварати вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзид.
Чӣ тавре ки аз маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар машварат масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, имрӯз вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ-ро президенти Русия Дмитрий Медведев ба ҳузур хоҳад пазируфт.
Ба ҳайати СҲШ кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.



"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста