Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти То
ҷ
икистон Эмомал
ӣ
Раҳмон дар муқобили суханронии раиси
ҷ
умҳури Узбакистон, Ислом Каримов, таҳдид намуд, ки асноди нишастро имзо нахоҳад кард.
Ҷа
ноби Раҳмон талаб кард, ду банди марбут ба масъалаи обу барқ аз санади ниҳоии нишаст ихтисор карда шаванд, дар акси ҳол ин санадро имзо нахоҳад кард. Ин дар ҳоле буд, ки бо талаби президенти Узбакистон Ислом Каримов ва пас аз суханронии
ӯ
, ин ду банд ба эъломияи Алмаато ворид гашт.
Дар ин бандҳо гуфта мешуд, ки бояд дар масъалаи бунёди нер
ӯ
гоҳҳои барқи об
ӣ
назари кишварҳои савум ба ҳисоб гирифта шавад.
Каримов гуфт, алъон дар ин маврид на танҳо се кишвари поёноб Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон, балки созмонхои байнулмилал
ӣ
, ба шумули Бонки
Ҷ
аҳон
ӣ
низ дар як мавқеъ қарор доранд ва он ин аст, ки бунёди нер
ӯ
гоҳҳо ба кишварҳои поёноб зарар ва хатар дорад.
Дар оғози нишасти сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии на
ҷ
оти Арал ҳарчанд Нурсултон Назарбоев аз ҳамтоёнаш хохиш кард, ки танҳо дар мавриди Арал с
ӯ
ҳбат кунанд ва ба масъалаи бунёди нер
ӯ
гоҳо дахолат накунанд, вале Ислом Каримов, ки Назарбоев дар охир ба вай навбати сухан дод, боз ба ин масъала дахл кард.
Баъди суханронии сарвари Узбакистон Раҳмон таъкид кард, ки аз протокол банди марбут ба масъалаи обу барқро берун кунанд. Назарбоев гуфт, ки аз коршиносон хоҳиш хоҳад кард, ки ҳу
ҷҷ
ат бидуни ин нукта омода шавад. Дар ин бора бахши тоҷикии радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон, дар фарҷом изҳороти муштараки сарони кишварҳои муассиси Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал ба имзо расид. Дар изҳороти Кумитаи иҷроияи Бунёд гуфта мешавад, ба мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки барномаи нави кӯмак ба аҳолии ҳавзаи баҳри Аралро таҳия созанд ва ҷиҳати густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо созмонҳои байнулмилалӣ ва ташкилотҳои мададрасон тамоми чораҳо пеш гирифта шаванд.



"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста