Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз бо ташаббус ва сарпарастии Вазорати маорифи ҶТ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва бо дастгирии Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» - Тоҷикистон дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Иштироки
толибилмон
дар идоракунии донишгоҳ» баргузор мегардад.
Конфронс ба
толибилмони
мактабҳои олии Тоҷикистон имкон медиҳад малакаи худро дар кори илмию тадқиқотӣ
дар соҳаи идоракунии соҳаи маориф инкишоф диҳанд.
Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» Зарина Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар конфронс 20 маърўзаи донишҷўён аз вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, ки дар озмуни моҳи марти соли 2009 гузарондаи Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» - Тоҷикистон ғолиб баромадаанд, шунида мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, толибилмон дар маърўзаҳои худ: «Нақши донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ», «Худидоракунии донишҷўён: воқеият ё устура», «Иттиҳодияҳои донишҷўён чун омили ҷалб намудани хонандагон дар раванди қабули қарорҳо» масъалаҳои иштироки донишҷўёнро дар риштаҳои гуногуни ҳаёти мактабҳои олӣ баррасӣ хоҳанд кард.
З.Қодирова афзуд, ҳайати ҳакамони мустақил, ки аз намояндагони макотиби олӣ иборат мебошад, маърўзаҳои муҳаққиқони ҷавонро арзёбӣ менамояд ва 3 маърўзаи беҳтаринро бо мукофотҳои махсус –
компютерҳо
сарфароз мегардонад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста