Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон сардори раёсати банақшагирии ширкати «Барқи тоҷик» Сӯҳроб Раҳимов изҳор дошт, ки масъалаи пардохти қарзи ширкат ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ҳоли ҳаллу фасл қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, гап сари он аст, ки маълумот оид ба ҳаҷми маблағи қарз дар ҳарду ҷониб як хел нест. «Тибқи маълумоти мо, қарз 30 млн. сомонӣ, вале аз нерӯгоҳ маълумот пешниҳод карданд, ки он 50 млн. сомонӣ аст», - гуфт ӯ.
С.Раҳимов мегӯяд, гуногун будани маълумот оид ба ҳаҷми қарз дар натиҷаи он пайдо шудааст, ки нерӯгоҳ мустақилона ва бидуни мувофиқасозӣ бо ширкат аз 1-уми январи соли ҷорӣ тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқро ҷорӣ сохтааст, ки он ба 3,1 сент барои 1 кВт/соат баробар аст. «Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» ба суратҳисоби нерӯгоҳ беш аз 38 млн. сомонӣ маблағ гузаронид», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста